Занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Красногорск

Дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав занозании оммавӣ бо иштироки шаҳрвандони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон рух додааст.

Бино ба иттилои шабакаи телеграмии “Mash”, 13 шаҳрванди Узбекистон чун диданд, ки шумораашон аз муҳоҷирони дигар кишварҳо бештар аст, болои панҷ шаҳрванди Қирғизистон ва чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон фишор оварданд, ки дар натиҷа кор ба занозанӣ анҷомидааст.  

Гуфта мешавад, пас аз вуқуъи ҳодиса, кормандони пулис сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, муҳоҷиронро пароканда ва аксари онҳоро боздошт кардаанд.

Ба иддаои манбаъ, ин муҳоҷирон дар корхонаҳои гирду атрофи шаҳри Красногорск кор мекардаанд ва қаблан ҳам чанд маротиба баҳсу мунозираҳое кардаанд, аммо ин дафъа муноқишаи муҳоҷирон ба занозанӣ печидааст. 

Пештар аз ин дар деҳаи Илинское-Усовои ноҳияи Красногорск низ бар асари як занозании оммавӣ 16 муҳоҷир аз ҷониби пулис боздошт шуда буданд.

То ҳол сабаби аслии ин даргирии гурӯҳӣ аз ҷониби пулиси Маскав эълон нашудааст. Ва назари боздоштшудаҳо низ вобаста ба даргирӣ то ҳол маълум нест.

Ҳодисаи занозании гурӯҳӣ дар байни муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои Русия бори аввал нест, ки рух медиҳад. Чунин ҷанҷолҳо борҳо ба далоили мухталиф, ки ба гуфтаи коршиносон, бештараш бартарихоҳӣ ва худбузургбинӣ аст, байни муҳоҷирон рух медиҳад.