Аз “Исфандиёр” то “Арвоҳи беқарор”. Имрӯз мавсими нави театрӣ дар Тоҷикистон оғоз меёбад
15:37, имрӯз
Кай ва дар кадом театри пойтахт намоишномаи навро метавон тамошо кард?
Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз мешавад ва театрҳои кишвар намоишномаҳои нав ва беҳтарин худро ба рӯи саҳна мегузоранд. Дар ин бора аз театрҳои кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Мавсими нави театриро нахустин шуда Театри тамошобини ҷавони “Аҳорун” имрӯз, 19-уми сентябр, оғоз мекунад ва намоишномаи маъруфи “Исфандиёр”-ро, ки таҳияи коргардони номвар Фаррух Қосим аст, ба саҳна мегузорад.
Ин намоишнома соати 17:00 дар саҳнаи Театри “Аҳорун” манзури ҳаводорони театри тоҷик мегардад.
Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими нави театриро бо намоишномаи “Зани оҳанин” оғоз менамояд. Ин намоишномаро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони шинохта Мирзоватан Миров таҳия кардааст.
Намоишномаи “Зани оҳанин” соати 18:00-и рӯзи 20-уми сентябр пешкаши тамошобинон мегардад.
Баъд аз ин, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо консерти “Ширин Власенко” мавсими нави худро оғоз мебахшад ва он соати 18:00-и рӯзи 23-юми сентябр ба саҳна гузошта мешавад.
Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ҳоло ягона театри пойтахт аст, ки мавсими нави театриро бо намоишномаи нав оғоз менамояд. Намоишномаи мазҳакавии “Арвоҳи беқарор”-ро саркоргардони театри мазкур Султон Усмонов таҳия кардааст ва нахустнамоиши он соати 17:30-дақиқаи рӯзи 26-уми сентябр баргузор мегардад.

Яке аз намоишномаҳои Тетари Лоҳутӣ
Акс аз муаллиф
Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский бошад, бо намоишномаи “Мастер и Маргарита” мавсими нави театриро оғоз мекунад. Ин намоишнома дар охирин фестивали “Парасту-2023” соҳиби Шоҳҷоиза гардида буд. Интизор меравад, ки намоишномаи мазкур рӯзи 30-юми сентябр дар толори Наврӯзи Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ манзури ихлосмандони ҳунари театрӣ гардад.
Интизор меравад, ки ҳар як театри кишвар дар мавсими нав дастикам 4 намоишномаи тоза пешкаши ҳаводорони театр гардонад.
То ин ҷониб Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ду намоишномаи нав – “Расплата” ва “Сказочная фантазия” ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Ношинос”-ро тоза омода кардааст ва дар наздиктарин фурсат пешкаши тамошобинон мегардад.
Бояд гуфт, ки дар саросари Тоҷикистон 18 театр фаъолият мекунад. Дар хусуси театрҳои музофотӣ, ки мавсими нави театриро кай ва бо кадом намоишнома оғоз мекунанд, айни ҳол маълумот дастрас нест.
Ёдовар мешавем, ки даромад ва тамошои намоишномаҳои тариқи чиптаҳо ба роҳ монда шудааст ва ҳаводорони театр метавонанд онро пешакӣ аз назди худи театрҳо харидорӣ намоянд.
[shorturl]https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20230919/az-isfandiyor-to-arvoi-bearor-imrz-mavsimi-navi-teatr-dar-toikiston-ooz-meyobad[/shorturl]
Источник