“БАЗА”: ЯК ПИЛОТИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДАИ ЧАРХБОЛИ МИ-8 ХУРШЕД АЗ ТОҶИКИСТОН БУД
Телеграм-канали База, як нашрияи ба мақомоти қудратии Русия наздик, исми ду халабон, ё пилотеро, ки дар дохили чархболи аз вилояти Курски Русия рабудаву ба Украина бурдашуда буданд, муайян кардааст. Яке аз онҳо, ба иттилои ин канал, халабони 28-солаи зодаи Тоҷикистон бо номи Хуршед будааст. Мақомоти ҳарбии Русия дар ин чархбол будани шаҳрванди Тоҷикистонро рад мекунанд.
Ин чархболи нисбатан нави соли сохташ 2016 рӯзи 9 август рабуда шуд. Танҳо рӯзи 7 сентябр ГУР – Сарраёсати ҷосусии артиши Украина тасдиқ кард, ки ин ниҳод як пилоти русро барои гузаштан ба тарафи Украина ва бо худ ба Украина овардани чархболаш моил кардааст. Ба пилоти рус Максим Кузминов барои ин кораш ним миллион доллар ҷоиза додаанд, вале ду пилоти дигар, ки низ дар он чархбол буданд, вале аз таслим шудан саркашӣ карданд, аз байн бурда шуданд.
”База” рӯзи 16 сентябри соли 2023 хабар дод, ки “ҳамроҳи пилот Максим Кузминов, ки чархболро рабуда, ба Украина бурд, дар дохили чархболи Ми-8 боз ду нафари дигар буданд. Яке аз онҳо — Никита, хатмкардаи Академияи ҳарбию ҳавонавардии ба номи Жуковский ва Гагарини шаҳри Воронеж буд. Дӯстонаш ӯро ҳамчун як марди “дар оиладорӣ намунаи ибрат” ва “содиқ ба кори худ” тавсиф мекунанд. Пилоти дуюм — зодаи Тоҷикистон Хуршед буд. Ин ҷавон ба Русия тибқи мубодила барои таҳсил омада, омӯзишгоҳи ҳавонавардии Сизранро хатм карда буд. Дӯстони Хуршед низ ӯро мусбат тавсиф мекунанд. Бино ба иттилои “База”, Никита ва Хуршед ҳарду ҳамсиннусоли Кузминов буда, 28–солӣ доштанд. Онҳо ҳама якҷоя дар шаҳри Черниговкаи кишвари Приморйе хидмат мекарданд. Дар бораи феълан куҷо будани Никита ва Хуршед расман ягон маълумот нест. Роҳбари ГУР Кирилл Буданов гуфта буд, ки баъди дар Украина фуруд омадани чархбол онҳо муқовимат нишон доданд ва кушоа шуданд. Худи Кузминов низ дар нишасти хабариаш дар мавзӯи рабудани чархбол изҳор дошта буд, ки Никита ва Хуршедро “аз байн бурданд”.
“База” дар гузоришаш таъкид кардааст, ки бо ин ҳол, ба наздикони Никита ва Хуршед дар бораи сарнавишти онҳо то ҳол расман ягон хабар надодаанд.
Вазорати мудофиаи Русия билофосила ҳамон рӯзи 16 сентябр хабари дар чархболи моҳи август ғайбзадаи тамғаи Ми-8 будани шаҳрванди Тоҷикистонро рад кард.
“Хабари дар пойгоҳҳои интернетӣ ва Teлеграм-каналҳо нашршуда дар бораи инки гӯё дар ҳайъати экипажи чархболи моҳи августи соли ҷорӣ беномунишон ғайбзадаи тамғаи Ми-8- Русия шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд, комилан воқеият надорад”, – гуфта мешавад дар баёния. Вазорати мудофиаи Русия афзудааст, ки дар ҳайъати экипажҳои Қувваҳои ҳавоию кайҳонии артиши Русия танҳо шаҳрвандони Русия хидмат мекунанд.
Аммо ин вазорат ҷузъиёти дигари хабари Телеграм-канали “База”, аз ҷумла Никита ва Хуршед ном доштани ду пилоти дигарро шарҳ надодааст. Гузашта аз ин, “База” дар хабараш Хуршедро “зодаи Тоҷикистон” номида буд, на “шаҳрванди Тоҷикистон”. Комилан имкон дорад, ки Хуршед мисли даҳҳо афсари дигари тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифта бошад, то ҳаққи хидмат дар саффи Қувваҳои ҳавоию кайҳонии артиши Русияро ба даст биорад. Дар солҳои охир даҳҳо афсари тоҷик, аз ҷумла пилотҳо, ба сурати оммавӣ аз тартиби соддаи дарёфти шаҳрвандии Русия истифода бурданд ва дар Русия монда, дар артиши ин кишвар ба хидмат пардохтанд. Ин раванди гузариши оммавӣ ба артиши Русия соли 2022, дар пайи шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина ва ба ин ҷанг фиристодани фавҷи афсарону аскарони тоҷики ба артиши Русия пайваста ва аз Украина омадани хабари кушта шудани зодагони Тоҷикистон шадидан коҳиш ёфт
Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854
[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/17/baza-jak-piloti-dar-ukraina-kushtashudai-charhboli-mi-8-hurshed-az-tojikiston-bud/[/shorturl]
Источник