“БО ТЕЛЕФОН БО МАРДИ БЕГОНА ГАП МЕЗАД…” 17 СОЛ ҲУКМИ СОКИНИ СУҒД БАРОИ ҚАТЛИ ҲАМСАР

“БО ТЕЛЕФОН БО МАРДИ БЕГОНА ГАП МЕЗАД…” 17 СОЛ ҲУКМИ СОКИНИ СУҒД БАРОИ ҚАТЛИ ҲАМСАР

Додгоҳи вилояти Суғд Шоҳҷаҳон  Фаттоеви 28-сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро тибқи  моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куштори ҳамсараш Дадабоева Г. гунаҳқор дониста, ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора “Азия Плюс”  рӯзи 15 сентябри соли 2023 хабар дод.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Шоҳҷаҳон  Фаттоев ва ҳамсараш Дадабоева Г. чор сол пеш, яъне соли 2019 ақди никоҳ баста буданд. Баҳори соли ҷорӣ Дадабоева Г. ними шаб бо марди ношиносе телефонӣ суҳбат мекунад ва аз ин шавҳараш Шоҳҷаҳон  Фаттоев хабар ёфта, ӯро ба хонаи волидонаш мебарад ва ҳадафи ҷудо шуданашро баён мекунад.

Пас паз як моҳ, миёни Шоҳҷаҳон  Фаттоев ва ҳамсараш Дадабоева Г., ки аллакай ҷудо аз ҳам мезистанд, муноқиша сар мезанад. Дар ҷараёни муноқиша Фаттоев бо корди хоҷагӣ чанд марротиба ба тани ҳамсараш мезанад ва ӯро мекушад.

Ин ягона мавриди куштори ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар вилояти Суғд нест. Қаблан низ чандин дар ин бора хабарҳо расонаӣ шуда буд.  Масалан, моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд Ҳайдар Ҳайдаров, як сокини ҷамоати деҳоти Саразми  шаҳри Панҷакентро дар куштори ҳамсараш гунаҳкор дониста, 23 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамчунин моҳи январи соли 2023, як сокини шаҳри Исфара ҳамсари худро низ барои бо телефони мобил бо касе суҳбат карданаш ба қатл расонида буд.

Дар умум вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ва қасди куштори хешовандони наздик, бахусус кушта шудани ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Куштори ҳамсарон ва сӯиқасд ба ҷони онҳо дар аксари мавридҳо дар заминаи рашк сурат мегирад.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.

Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 мавриди  одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 54 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Ин назар ба 39 куштор ва 67 мавриди расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки дар нимаи аввали соли 2022 сабт шуда буд, камтар аст, вале нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/15/bo-telefon-bo-mardi-begona-gap-mezad-17-sol-hukmi-sokini-sughd-baroi-qatli-hamsar/[/shorturl]
Источник