ГОҲЕ ПУШТИ ЗИНУ ГАҲЕ ЗИН БА ПУШТ: ҚУДОИ СОБИҚИ НАЗАРБОЕВ 90 МИЛЛИАРД ТАНГА, Ё ҚАРИБ 200 МИЛЛИОН ДОЛЛАРРО БА ДАВЛАТ БАРГАРДОНД

ГОҲЕ ПУШТИ ЗИНУ ГАҲЕ ЗИН БА ПУШТ: ҚУДОИ СОБИҚИ НАЗАРБОЕВ 90 МИЛЛИАРД ТАНГА, Ё ҚАРИБ 200 МИЛЛИОН ДОЛЛАРРО БА ДАВЛАТ БАРГАРДОНД

Ғайрат Бӯронбоев (Кайрат Боранбаев), қудои собиқи президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки якуним сол боз дар ҳабс қарор дошта, ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст, ахиран корхонаҳову ширкатҳояш ба маблағи беш аз 90 миллиард тангаи қазоқӣ, муодили 195 миллион долларро бо ихтиёри худ ба давлат баргардондааст. Дар ин бора рӯзи 14 сентябри соли 2023 дар каналаш дар Телеграм Агентии назорати молиявии Қазоқистон, ки парвандаҳои коррупсиониро таҳқиқ мекунад, хабар дод.

Дар байни корхонаҳои ба давлат баргардондаи қудои президенти собиқ як чоҳи нафт, як ширкати тақсими газ, чандин меҳмонхонаву тафреҳгоҳҳо, марказҳои савдо, шабакаи толорҳои фитнес, марказҳои тиҷоратӣ ва иншооти дигар будааст.

 “Агентии назорати молиявӣ тафтиши тододгоҳӣ нисбат ба Ғайрат Бӯронбоевро дар робита ба қонунӣ гардондани моликияти бо роҳи ҷиноятӣ бадастоварда идома медиҳад. Дар чорчӯби тафтишот ҷиҳати ихтиёран ба давлат баргардондани корхонаҳо ба маблағи беш аз 90 миллиард танга чораҳо андешида шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи агентии мубориза бо коррупсия.

Ба иттилои ин ниҳод, Ғайрат Бӯронбоев тҳамчунин ба Бунёди пуштибонии зербинои соҳаи маорифи Қазоқистон 30 миллиард танга, ё тақрибан 65 миллион доллар ҷудо кардааст. Агентии назорати молиявии Қазоқистон дар иттилоияш гуфт, ки ин ҳама иншооту ширкату корхонаҳои баргардондашуда ба тавозуни давлат гузаронда шуда, пулҳои ҷудокардаи Бӯронбоев барои рушди соҳаи маориф харҷ хоҳанд шуд.

Қаблан Бӯронбоев ҳамчунин ба давлат 14,5 миллиард танга, ё беш аз 30 миллион доллари аз ҳисоби фурӯши гази табиӣ бадастовардаашро низ ба давлат баргардонда буд.

Ғайрат Бӯронбоев қаблан дар қатори 50 соҳибкори аз ҳама сарватманду пурнуфузи Қазоқистон ном бурда мешуд. Духтари ӯ ба Ойсултон, набераи президенти қаблии Қазоқисто Нурсултон Назарбоев издивоҷ карда буд. Аммо Ойсултон Назарбоев моҳи августи соли 2020 дар шаҳри Лондон  дар синни ҳамагӣ 30 фавтид. Таҳқиқоти мақомоти Британия ба хулосае расид, ки набераи раҳбари собиқи Қазоқистон ба иллати мӯътоди кокаин (як навъи маводи мухаддири дар байни одамони сарватманд пурхаридор) ҷавонмарг шудааст.

Агентии назорати молиявии Қазоқистон 17 марти соли 2022 дар бораи боздошти Ғайрат Бӯронбоев хабар дода буд. Гуфта мешуд, ки ӯ ва шариконаш ба дуздии маблағҳои бузург аз корхонаҳои ба ном давлатӣ айбдор мешаванд.

Бино ба иттилои хабаргузории минтақавии “Фарғона”, моҳи марти соли 2023 додгоҳи дуюми ноҳияи Сариарқаи шаҳри Остона Бӯронбоевро ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Шарикони ӯ: мудири кулли ширкати “АзияГазЧунҷа” Роман Наханов ва муовини собиқи раиси ширкати давлатии “Қазоқгаз” (“QazaqGaz”) Тойир Ҷонузоқ (Тайыр Жанузак) низ ҳаштсолӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Додгоҳ онҳоро дар дуздии 14,5 миллиард танга, ё беш аз 30 миллион доллар пули гази ширкати давлатӣ айбдор донист. Ин ҳамон 14,5 миллиардест, ки Бӯронбоев пештар ба давлат баргардонд.

Тобистони соли 2023 додгоҳи болоӣ ҳукми зиндони Бӯронбоев ва шарикони ӯро бекор карда, парвандаро барои баррасии дубора ба додгоҳи таҷдиди назар фиристод. Бовар меравад, ки чунин қарори додгоҳ натиҷаи муомилаи Бӯронбоев бо мақомот ва изҳори омодагиаш барои ихтиёран ба давлат бардондани молу мулкест, ки ӯ дар вақташ дуздида буд.

Дар Қазоқистон ахиран қонуне қабул шуд, ки тибқи он, соҳибкорон бояд молу мулкеро, ки аз куҷо пайдо шуданашро исбот карда наметавонанд, ба давлат баргардонанд. Дар сурати ихтиёран ошкор кардани молу мулки ғайриқонунии худ ва ба давлат баргардондани онҳо соҳибкорон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Нурсултон Назарбоев аз соли 1989 то 2019 қариб 30 сол зимоми раҳбарии  Қазоқистонро дар даст дошт ва сипас курсии президентиро ба Қосим-Жомарт Тоқаев дода, ҳамчунон аз паси парда тавассути одамони худ идораи умури давлатиро дар дастони худ нигоҳ дошта буд. Аммо баъди саркӯби эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022 Тоқаев, ки то он вақт нақши президенти намоиширо иҷро мекард, аз зери сояи Назарбоев берун шуда, ба танг кардани мавқеи ӯву одамонаш сар кард. Баъди ин дар Қазоқистон мавҷи таъқиб ва боздошту зиндонӣ кардани одамони Назарбоев, аз ҷумла хешовандонаш сар шуд. Бархеи онҳо, аз ҷумла домодҳои Назарбоев, молу мулки худ ба маблағи садҳо миллион долларо ба давлат баргардонданд, то ки сояи таъқиби ҷиноятиро аз сари худ дур биандозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/14/gohe-pushti-zinu-gahe-zin-ba-pusht-qudoi-sobiqi-nazarboev-90-milliard-tanga-yo-qarib-200-million-dollarro-ba-davlat-bargardond/[/shorturl]
Источник