ДУЗДИИ 14 САР ЧОРВО ДАР ВОСЕЪ ВА БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ ДУЗДИ КИСАБУР ДАР ПОЙТАХТ

ДУЗДИИ 14 САР ЧОРВО ДАР ВОСЕЪ ВА БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ ДУЗДИ КИСАБУР ДАР ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2023

Ошкор гардидани ду ҳолати дуздӣ

158 2

Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 5-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар ноҳияи Восеъ 4 сар чорвои калони шохдор ва 10 сар чорвои майдаи шохдорро дузида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 49 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаҳои 237, 244 ва 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, субҳи барвақти 14-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 05:00, ҳангоми дар маркази дилхушии “Шоми Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо тариқи пинҳонӣ аз ҷайби марди 34-солаи сокини пойтахт ҳамёнашро, ки дар дохили он 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А34” ва 1 ҳазору 800 сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/15/duzdii-4-sar-chorvo-dar-vose-va-bozdoshti-jak-zani-duzdi-kisabur-dar-pojtaht/[/shorturl]
Источник