ДУЗДӢ ДАР БЕМОРХОНАИ “ҚАРИЯИ БОЛО” ВА ҚАЛЛОБӢ ДАР МАРЗИ ҚАЗОҚИСТОН

ДУЗДӢ ДАР БЕМОРХОНАИ “ҚАРИЯИ БОЛО” ВА ҚАЛЛОБӢ ДАР МАРЗИ ҚАЗОҚИСТОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2023

Боздошт гардидани ду ҷавон бо ҷурми дуздӣ

178

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 16-уми сентябри соли 2023, шахсони номаълум бо тариқи пинхонӣ ҳангоми дар беморхонаи “Қарияи Боло”-и шаҳри Душанбе қарор доштанаш 1-адад ҷузвдонашро, ки дар дохилаш 6 ҳазору 800 сомонӣ, 2-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға ва 3-адад кортҳои пластикӣ буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 22 ва 24-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду мард бо ҷурми қаллобӣ

14

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2023, мардони 38 ва 39-солаи сокинони шаҳри Истаравшан, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои гузаронидани мевагиҳояш аз сарҳади гумруки Ҷумҳурии Қазоқистон аз ӯ 48 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Нисбати гуонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/18/duzdi-dar-bemorhonai-qarijai-bolo-va-qallobi-dar-marzi-qazoqiston/[/shorturl]
Источник