Душанбе дар феҳрасти серталабгортарин парвозҳо

Душанбе дар феҳрасти серталабгортарин парвозҳо

Хатсайрҳои ҳавоӣ аз фурудгоҳи байналмилалии пойтахти шимолии Русия Санкт-Петербург то Душанбе ба феҳрасти серталабгортаринҳо ворид гардиданд.

Ин маълумотро роҳбарияти майдони ҳавоии Пулково дар пайи таҳлили нишондодҳои парвозҳо дар давраи аз моҳи май то августи соли 2023 пешниҳод кардааст.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ дар ин се моҳ нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 13% афзоиш ёфтааст.

Дар изҳороти маъмурияти фурудгоҳи Санкт-Петербург омадааст, ки беш аз 8,4 млн нафар аз ин майдони ҳавоӣ истифода кардаанд.

Миёни мусофирон аз фурудгоҳи Пулково маъмултарин хатсайрҳо парвозҳо ба Душанбе, Анталия, Истанбул, Минск, Тошканд, Ӯш ва Самарқанд будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

[shorturl]https://pressa.tj/dushanbe-dar-fe%d2%b3rasti-sertalabgortarin-parvoz%d2%b3o/[/shorturl]
Источник