ДУ ЗАМИНЛАРЗАИ НАВ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

ДУ ЗАМИНЛАРЗАИ НАВ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ хабар дод, ки шаби 17 сентябри соли 2023, соати 21:23, дар қаламрави Тоҷикикистон боз як заминларза рух додааст.

 “Маркази заминларза дар 334-километрии  ҷанубушарқи Душанбе ва 58-километрии ғарби Хоруғ ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш 3-4 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил дод. Ин офат ягон осеб ё харобӣ ба бор наовардааст”, – хабар дод КҲФ.

Дар ҳамин ҳол, марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com, хабар доданд, ки маркази заминларзе, ки шаби 17 сентябр, соати 21:23 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар умқи 37 километр рух дод, дар 56-километрииҷанубушарқи Қаракенҷа, минтақае дар ҳудуди ноҳияи Лахш рух дода, иқтидори ин офати табиӣ дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер 4,6 баллро ташкил додааст.

Ин пойгоҳ қаблан хабар дод, ки субҳи 17 сентябр, соати 05:04 ба вақти маҳаллӣ дар 36-километрии ҳамон мавзеи Қаракенқа дар умқи ҳамагӣ 10 километр як заминларзаи дигар бо иқтидори 4,3 балл рух дода буд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи Еarthquaketrack.com дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларза,  дар як моҳи охир 21 заминларза ва дар як соли охир 253 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Аксари ин заминларзаҳо дар шарқи Тоҷикистон ва дар марз бо Афғонистон рух медиҳанд.

Вале заминларзаи  аз ҳама пурхисорот шаби 23 марти соли 2023 дар Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт рух дод. Бар асари ин офати табиӣ, ки марказаш дар атрофи деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд,  дар маҷмӯъ 368 хона, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона, дар ноҳияи Рашт 32 хона ва дар ноҳияи Нуробод 17 хона зарар диданд.

Ахиран Иттиҳоди Аврупо шумори умумии сокинони зарардида аз ин заминларзаи моҳи март дар Тоҷикистонро беш аз 2200 нафар баровард кард. Қарор буд, барои пояи кумакҳои хориҷӣ то поёни моҳи августи соли ҷорӣ барои осебдидагони ин офати табиӣ хонаҳои нав сохта шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/18/du-zaminlarzai-nav-dar-sharqi-tojikiston/[/shorturl]
Источник