ЗАНЕ, КИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ ЯКРО ХОБОНД, БЕМОРИИ РАВОНӢ ДОШТААСТ (ВИДЕО)
Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар шарҳи видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншудаи як зан, ки хонандагони хурдсолро дар синфхона маҷбур мекунад, ки сарашонро дар рӯи парта болои дастонашон гузошта, хоб раванд, гуфт, ки ин ҳодиса дар ҳақиқат рӯзи 15 сентябри соли 2023 дар мактаби №23 деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ рух додааст ва зане, ки ин корро кардааст, бемории равонӣ дорад. Ба иттилои раёсати маорифи Хатлон, чӣ гуна хобондани хонандаҳоро худи ин зан ба навор гирифтааст. Раёсати маориф ин занро танҳо Д.М., соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ном бурд, вале дар шабакаҳо баъдан навори ин зан бо номи пурраш: Дилшодова Маҳбуба нашр шуд.
Ин қазия масъалаи то куҷо дар амн будани кӯдакони хурдсолу оҷиз дар мактабҳои Тоҷикистонро рӯи об баровард, чунки як зан бо бемории равонӣ тавонистааст вориди синфхона шуда, тӯли чанд дақиқа худро “муаллима” вонамуд карда, болои кӯдакон фармонравоӣ кунад. Паҳлуи дигари масъала кӯдакони хурдсолро дар синфхона танҳо партофтану дар вақти дарс гӯё ба хонаи омӯзгорон рафтани омӯзгори синфи як аст.
Раёсати маорифи Хатлон гуфт, Д.М., яъне Маҳбуба Дилшодова ягон маълумоти олӣ надорад ва аз 23-юми сентябри соли 2013 дар қайди Маркази равонпизишкии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қарор дошта, маъюби гурӯҳи дуюм мебошад.
Бино ба фарзияи раёсати маориф, “шаҳрванд Д. М субҳи 15 сентябри соли 2023 ба муассисаи таълимии рақами 23-и деҳаашон кӯшиши ворид шудан намудааст, вале посбон ва навбатдор монеи ворид шудани ӯ ба муассисаи таълимӣ шудаанд. Пас аз ин тахминан соатҳои 13:30 аз дигар қисмат вориди бинои муассиса гардида, дар ҳолати дар хонаи омӯзгорон будани омӯзгори синфи 1 – ум ба синфхона ворид шудааст. Дар ин лаҳза алакай хонандагони басти дуюм ба дарс ҳозир шуда будаанд. Номбурда бо телефони мобилӣ хонандагонро ба навор гирифтааст. Омӯзгор пас аз чанд дақиқа ба синфхона баргашта, ҳолати мазкурро дида, шаҳрванд Д. М – ро ҳамроҳи посбон аз муассиса берун кардааст”.
Дар бораи сабаби дар вақти дарс ба ҳуҷраи омӯзгорон рафтани омӯзгор ва кӯдакони хурдсолро дар синф танҳо гузоштани ӯ чизе гуфта нашудааст, вале раёсати маориф гуфт, шуъбаи маорифи ноҳия фавран ҳолати номбурдаро дар муассисаи таълимии рақами 23 мавриди баррасӣ қарор дода, барои чораандешӣ нисбат ба мудири мактаб ва муовинонаш, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва навбатдор маводи лозимӣ ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳамзамон, ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия, вобаста ба ҳолати мазкур кормандони шуъбаи милитсияи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ низ кор бурда истодаанд.
Дар ҷаласаи фаврии шуъбаи маориф барои пурзӯр намудани назорати дохили мактаб дастури қатъӣ дода шудааст, то ки ки вориди муассисаи таълимӣ гаштани шахсони бегона таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.
Дар ҳамин ҳол, шоми 16 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори дигаре нашр шуд, ки дар он як зан худро Маҳбуба Дилшодова муаррифӣ намуда, бо изҳори пушаймонӣ иқрор мекунад, ки ӯ хонандагони синфи яки мактаби №23-и ноҳияи Ҳамадониро дар синфхона ҷамъ карда, маҷбур кардааст, ки бихобанд. Ин зан мегӯяд, азбаски муаллима набуд ва кӯдакон дар роҳраи мактаб бетартибӣ мекарданд, ӯ ҳамаи онҳоро ба синф даровард ва амр дод, ки дар партаҳои худ нишаста, дастонашро болои парта гузоранд ва сарҳои худро рӯи дастонаш гузошта, то омадани муалиммаашон бихобанд. Ӯ мегӯяд, агар ин корро намекард, кӯдакҳо дар роҳрав бетартибӣ мекарданд.
Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 16 сентябр видеои нашр шуд, ки дар он як зан, ки чеҳрааш дида намешавад, тамоми хонандагони хурдсоли як синфро маҷбур мекунад, ки то омадани муаллимаашон дастони худро рӯи парта ва сари худро болои дастони худ гузошта, хоб бираванд. “Кадоме сарта боло кардӣ, ҷобаҷо мекушамат!” – таҳдид мекунад ин зан ба кӯдакон ва онҳо ҳам аз тарс ҷуръати боло кардани сари худро намекунанд. Чунки ин зан байни қаторҳо гашта, кӯдаконеро, ки нохудогоҳ сарашонро боло мекунанд, мезанад.
Дар ин байн ба синфхона як хонандаи дигаре, ки дер карда буд, медарояд. Зан ӯро барои дер омаданаш накӯҳиш мекунад ва сипас ӯро ҳам водор мекунад, ки ба ҷояш гузашта нишинад ва мисли дигарон сарашро болои парта гузошта, хоб биравад. “Сарта бардоштӣ, мекушамат!” – таҳдид мекунад ин зан ба он кӯдаки деромада ҳам.
Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854
[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/17/zane-ki-honandagoni-sinfi-jakro-hobond-bemorii-ravoni-doshtaast-video/[/shorturl]
Источник