КОРДЗАНӢ ДАР ТАРАБХОНАИ “МЕРГАНОВ” ДАР МАСТЧОҲ, ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ 25 САР ЧОРВО, ДУЗДИҲО ДАР ҶАЙҲУНУ ЗАФАРОБОД ВА САДАМА ДАР БАҚОӢ

КОРДЗАНӢ ДАР ТАРАБХОНАИ “МЕРГАНОВ” ДАР МАСТЧОҲ, ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ 25 САР ЧОРВО, ДУЗДИҲО ДАР ҶАЙҲУНУ ЗАФАРОБОД ВА САДАМА ДАР БАҚОӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2023

Расонидани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

003

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, дастгир карда шуд.

Номбурда, 12-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 18:00, ҳангоми дар тарабхонаи «Мерганов», воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ қарор доштанаш бо зани 32-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 6 маротиба ба аъзои бадани ҷабрдида зада, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобӣ

123

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 39-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров оғоз карда шуд.

Номбурда, 25-уми декабри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, 25 сар чорвои калони шохдорро ба маблағи 187 ҳазору 150 сомонӣ ғайринақдӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани нафарони ҷинояти дуздӣ содирнамуда

062

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки 4-уми сентябри соли 2023, шабона, ҳангоми дар бинои навсохтмони ба номи “Анвар” хоб буданаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг 8+”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 6 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Зафаробод бо ариза зани 40-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 10-уми сентябри соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи фурӯши маҳсулоти хоҷагӣ, воқеъ дар бозори марказии ноҳияи Зафаробод шуда, аз онҷо 3 ҳазору 900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ҳалокати ронанда дар натиҷаи чаппа шудани автомашина

142

Субҳи 13-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хафей”, Раҳимов Эргаш Бурибоевич, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Бақоии ҷамаоти деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати рости роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Раҳимов Э.Б. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири автомашинаи мазкур Урунова Насиба Панҷаевна, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/14/kordzani-dar-tarabhonai-merganov-dar-mastchoh-qallobi-bo-puli-25-sar-chorvo-duzdiho-dar-jajhunu-zafarobod-va-sadama-dar-baqoi/[/shorturl]
Источник