МУШТҶАНГ ДАР СПИТАМЕН, МАРГИ КӮДАКИ ДУСОЛА ДАР ЧАПАЕВИ КӮЛОБ ВА 2 ҚАЛЛОБӢ

МУШТҶАНГ ДАР СПИТАМЕН, МАРГИ КӮДАКИ ДУСОЛА ДАР ЧАПАЕВИ КӮЛОБ ВА 2 ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2023

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо мушт

125

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятиим Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 27-солаи сокини ноҳияи Спитамен оғоз карда шудааст.

Гумонбаршаванда шоми 7-уми сентябри соли 2023, тахминан 20:00, дар заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи мазкур, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо марди 26-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо мушт ду-се маротиба ба қисмати сару рӯяш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ҳалокати хурдсол бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

13

18-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Имоматов Муҳаммад Исматуллоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи С.Сафаров ба самти маҳаллаи Чапаев, ҳангоми расидан дар кӯчаи Чапаев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, тифли хурдсол Ҳайдаров Сайдабдулло, соли таваллудаш 2021, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Ҳайдаров С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

28

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми ноябри соли 2022, марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 235 ҳазор сомонӣ барои гирифтани қарор дар бораи истифодаи замин дар шаҳри Ваҳдат гирифта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 23-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2022, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе, пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”-ро барои фурӯш ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз ин маблағ 19 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағи 11 ҳазор доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/19/mushtjang-dar-spitamen-margi-kudaki-dusola-dar-chapaevi-kulob-va-2-qallobi/[/shorturl]
Источник