Пагоҳ дастаи “Истиқлол” бо “Ал-Дуҳайл” дар Душанбе бозӣ мекунад
16:35, 18 сентябр
Оғози бозӣ соати 21:00 ва макони он Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мебошад.

Пагоҳ, 19-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Ал-Дуҳайл” (Қатар) баргузор мешавад. Бозӣ соати 21:00 оғоз мегардад.
Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24, қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ба гурӯҳи “Е” шомил аст.
Рақибони дастаи пойтахт дар гурӯҳ “Персеполис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиёи қаблӣ дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври севум аз бошгоҳи “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 ноком гардида буд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Қаҳрамони кунунии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дастаи “Урава Ред Даймонс”-и Япония мебошад.
[shorturl]https://www.asiaplustj.info/tj/news/sports/20230918/pago-dastai-istilol-bo-al-duail-dar-dushanbe-boz-mekunad[/shorturl]
Источник