Чандест, ки ҳимоятгари испанӣ Серхио Рамос қаҳрамони нашрияҳои варзишист. Расонаҳо менависанд, ки футболбоз пулро дар ҷои аввал намонда, балки одамиятро авлотар донистааст.
Рамос ба ҷойи ба яке аз бошгоҳҳои Арабистони Саудӣ ё “Интер Майами”-и Амрико гузаштан, ба дастаи аввалини худ “Севилия” гузариш кард.
Гуфта мешавад, ки Серхио Рамос аз миллионҳо еврои Арабистону Амрико даст кашида, ба як миллиони “Севилия” розӣ шудааст. — Ҳеҷ вақт маро пул идора намекунад ва дар ҷойи аввал ҳам нест. Барои ҳамин ман Арабистону Амрикоро рад карда, бошгоҳеро интихоб кардам, ки аввалин бозии касбиамро аз он оғоз намудаам,- гуфтааст Рамос.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube