РЕЙДИ МАҚОМОТ БА МАНТУХОНА ДАР ПОСУХ БА МАҚОЛАИ “МАНТУХОНА” НАШУД, БАЛО ШУД!” (5 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 13 сентябри соли 2023 хабар дод, ки ҷиҳати баррасии муроҷиати дастаҷамъонаи шаҳрвандон – сокинони бинои баландошёнаи воқеъ дар кӯчаи А.Ҷомии ноҳияи Фирдавсӣ, ки таҳти унвони “МАНТУХОНА” НАШУД, БАЛО ШУД!” дар ҳафтаномаи “СССР” ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст, як гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти ваколатдор созмон дода шуд.
Дар иттилоия гуфта мешавад, ки дар натиҷаи санҷиш ваҷҳҳои дар муроҷиати мазкур зикргардида исботи худро ёфтанд.
“Новобаста аз он ки масъулони «Мантухона»-и мазкур аз ҷониби сохторҳои ваколатдори давлатӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор ва ҳолати санитарию-эпидемиологӣ огоҳ карда шуда бошанд, ҳам вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд то ҳол мушкилоти ҷойдошта бартараф карда нашудаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати масъули «Мантухона» шаҳрванд Самадов Хуршед Ғаниевич, санаи таваллудаш 06.06.1973, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе тибқи талаботи моддаҳои 473 (Риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор) ва 117 (Риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҳамзамон ҳолати ҷойдошта пурра бартараф карда шуданд. Инчунин масъулони «Мантухона»-и мазкур ҷиҳати риоя ва минбаъд ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо даст назадан ба таври қатъӣ бо гирифтани забонхат расман огоҳонида шуданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахт.
Назари масъулони “Мантухона” ба ин қазия дастрас нест. Аммо дар аксҳои нашркардаи милитсия дида мешавад, ки ҳавлии мантухонаро об зада, тоза рӯфтаанд.
![[Incomplete]ПОДДЕРЖИТЕ НАС - Имруз](https://i2.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/09/%D0%A1%D0%B0%D0%BC%D0%B0%D0%B4%D0%BE%D0%B2-%D0%A5%D1%83%D1%80%D1%88%D0%B5%D0%B42.jpg?resize=450%2C562&ssl=1)
![[Incomplete]ПОДДЕРЖИТЕ НАС - Имруз](https://i1.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/09/%D0%A1%D0%B0%D0%BC%D0%B0%D0%B4%D0%BE%D0%B2-%D0%A5%D1%83%D1%80%D1%88%D0%B5%D0%B46.jpg?resize=708%2C885&ssl=1)
![[Incomplete]ПОДДЕРЖИТЕ НАС - Имруз](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/09/%D0%A1%D0%B0%D0%BC%D0%B0%D0%B4%D0%BE%D0%B2-%D0%A5%D1%83%D1%80%D1%88%D0%B5%D0%B43.jpg?resize=708%2C884&ssl=1)
![[Incomplete]ПОДДЕРЖИТЕ НАС - Имруз](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/09/%D0%A1%D0%B0%D0%BC%D0%B0%D0%B4%D0%BE%D0%B2-%D0%A5%D1%83%D1%80%D1%88%D0%B5%D0%B44.jpg?resize=708%2C885&ssl=1)
![[Incomplete]ПОДДЕРЖИТЕ НАС - Имруз](https://i1.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/09/%D0%A1%D0%B0%D0%BC%D0%B0%D0%B4%D0%BE%D0%B2-%D0%A5%D1%83%D1%80%D1%88%D0%B5%D0%B45.jpg?resize=708%2C885&ssl=1)
Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854
[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/13/rejdi-maqomot-ba-mantuhona-dar-posuh-ba-maqolai-mantuhona-nashud-balo-shud-5-aks/[/shorturl]
Источник