РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ВАРЗИШГАРОНЕ, КИ ДАР БОЗИҲОИ ОСИЁ МЕДАЛ МЕГИРАНД, ХОНА ВАЪДА КАРД (ВИДЕО)

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ВАРЗИШГАРОНЕ, КИ ДАР БОЗИҲОИ ОСИЁ МЕДАЛ МЕГИРАНД, ХОНА ВАЪДА КАРД (ВИДЕО)

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 18 сентябри соли 2023 бо ҳайъати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ иштирок менамоянд, вохӯрдааст. Бозиҳои Осиёӣ аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханжоуи Чин доир гардида, дар он  варзишгарони 45 давлати қораи Осиё иштирок менамоянд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар ҳайати 118 варзишгар дар 19 навъи варзиш қувваозмоӣ хоҳад намуд.

Қаблан гуфта шуда буд, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ низ ҳаст, ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёи Хангжоу нишони тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, иловатан, дар мулоқоташ бо варзишгарон Рустами Эмомалӣ хабар дод, ки баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори вижаеро тасвиб кардааст, ки бар асоси он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад. То кунун дар чанд мавриди алоҳида шаҳрдори Душанбе ба чанд варзишгар барои пирӯзӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар пойтахт хона дода буд, вале чунин қарори вижа барои ҳавасманд кардани варзишгарони тоҷик бори аввал тасвиб мешавад.

Рустами Эмомалӣ дар суханрониаш гуфтааст, варзиш яке аз василаҳои пайвандгари халқу миллатҳо буда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ он ҳамчун ҷузъи муҳими низоми арзишҳои фарҳангии халқу миллатҳо баромад менамояд ва давлатҳои ҷаҳон тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун баҳри муаррифии рукнҳои фарҳангии худ ва ҳифзи манфиатҳои миллиашон талош меварзанд.

Дар гузориш гуфта мешаввад, ки варзишгарони тоҷик дар 6 соли охир дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиалӣ иштирок намуда, сазовори 33 ҳазору 538 медал, аз ҷукмла 12 ҳазору 654 медали тилло гардидаанд ва дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ 6450 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон гардида, 2000 маротиба суруди миллӣ садо додааст, ки боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Дар Бозиҳои Осиёии навбатӣ ба ҳайси парчамбардори мунтахаби Тоҷикистон дзюдочии №1-и сангинвазнҳои ҷаҳон, паҳлавон тоҷик Темур Раҳимов интихоб шудааст. Темур Раҳимов бо изҳори сипос барои ғамхориҳо нисбат ба варзишгарон аз номи ҳайъати тими яккачини Тоҷикистон гуфт, ки варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои осиёӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд ва талош менамоянд, ки зинаҳои ифтихориро соҳиб гарданд ва парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд.

Дар фарҷоми мулоқот Рустами Эмомал парчами Тоҷикистонро ба Темур Раҳимов — парчамбардори тими яккачин супурда, ба варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ орзуи барору муваффақият кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/19/rustami-jemomali-ba-varzishgarone-ki-dar-bozihoi-osiyo-medal-megirand-hona-vada-kard-video/[/shorturl]
Источник