СОКИНИ 47-СОЛАИ ТУРСУНЗОДА ДАР ДАРЁИ ҚАРАТОҒ ҒАРҚ ШУД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 14 сентябри соли 2023 дар ғарби ҷумҳурӣ боз як ҳодисаи нохуш рух дода, як сокини Турсунзода дар дарёи Қаратоғ ғарқ шудааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, 14 сентябр, тахминан соати 13:20, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ як сокини 47-солаи деҳаи Бобониёз Тошеви ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода дар рӯди Қаратоғ ғарқ шудааст.
Барои пайдо кардани ҷасад наҷотдиҳандагони Раёсати махсусгардонидашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти КҲФ сафарбар шуданд. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ин шаҳрванд пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи марҳум аз сокинони кишвар хост, ки дар соҳили кӯлу дарёву каналҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар нимаи аввали соли 2023 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷиктстон 87 нафар, аз ҷумла 46 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку наврас ғарқ шуда буданд.
Бар асоси хабари дигар, нимашаби 15 сентябри соли 2023, соати 02:22 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки дар дохили лифти як бинои бисёрошёна дар кӯчаи Баҳоваддинов, хонаи №7 як сокини ин бино дармондааст.
Бо дарёфти хабар дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Дар баробари расидан онҳо фаҳмиданд, ки ин лифт ба сабабҳои техникӣ дар миёни ошёнаҳо дармондааст. Онҳо бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва шахси дохили онро беосеб берун овардаанд.
Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854
[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/15/sokini-47-solai-tursunzoda-dar-daryoi-qaratogh-gharq-shud/[/shorturl]
Источник