ТАНГАҲОИ СОМОНӢ ВА ДИРАМИ СОЛИ 2023 БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДА ШУДАНД
Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки бо мақсади бо пули нақд таъмин намудани иқтисоди кишвар, бо қарори раёсати Бонки миллӣ аз 13 сентябри соли 2023, таҳти №95 тангаҳои “сомонӣ” ва “дирам”, соли сохташон 2023, бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва 20 ва 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд.
Тибқи қарори раёсати Бонки миллӣ, тангаҳои сохти соли 2023 дар баробари тангаҳое, ки алакай дар гардиш қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, Бонки миллӣ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати бо арзиши номиналашон ба муомилот баровардани тангаҳои соли 2023 тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.
Тоҷикистон аз байни кишварҳои Шӯравии собиқ охирин кишваре буд, ки танҳо моҳи октябри соли 2000, яъне 9 сол баъди фурӯ пошидани СССР, пулҳои нави худро бо номи “сомонӣ” ва “дирам” ба муомилот ворид кард. Аввалин пулҳои тоҷикӣ дар як чопхонаи Олмон чоп шуда буданд.
То соли 1995 муомилоти пулӣ дар Тоҷикистон бо пулҳои кӯҳнаи рубли бозмонда аз замони Шӯравӣ сурат мегирифт. Азбаски ҳамаи 14 кишвари дигари собиқи Шӯравӣ, ҳатто Русия, аз ин пулҳо даст кашида буданд, шумори беҳадди ин рублҳо аз саросари Шӯравӣ ба Тоҷикистон фурӯ рехт ва Тоҷикистонро ба ин далел ҳатто “қабристони рублҳои Шӯравӣ” низ ном мебурданд.
Соли 1995, вақте мақомоти Тоҷикистон дигар роҳи танзими гардиши ғарамҳои беҳисоби ин рублҳои кӯҳнаро наёфтанд ва таваррум (инфлятсия) дар кишвар ба ҳадди ҳазорҳо фоиз афзоиш ёфта, ҳатто нархи як калӯш то ба 6 миллион рубл (!!!) расид, рублҳои кӯҳнаро аз муомилот барчиданд ва ба ҷои он пулҳои муваққате бо ҳамон номи рубл, вале бидуни аломати ҷудоӣ дар охираш ба муомилот дароварда шуд.
Мардум ин пулҳоро бо шӯхӣ ба далели ҳазфи аломати ҷудоӣ аз охираш “рубли хатнашуда” меномиданд. “Рублҳои хатнашуда” то моҳи октябри соли 2000, яъне то замони ба муомилот баровардани “сомонӣ” ва “дирам”, воҳиди пулии Тоҷикистон ба шумор мерафтанд.
Вақте ки моҳи октябри соли 2000 сомонӣ ва дирам ба муомилот ворид карда шуд, қурби он бо доллари Амрико қариб баробар буд ва як доллар ҳамагӣ як сомонию 40 дирам арзиш дошт. Дар ин 23 сол қурби сомонӣ нисбат ба доллар қариб 8 маротиба “сабуктар” шуд ва ҳоло қурби як доллар дар давру бари 11 сомонӣ мечархад.










Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854
[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/18/tangahoi-somoni-va-dirami-soli-2023-ba-muomilot-barovarda-shudand/[/shorturl]
Источник