ТЕРРОРИСТ Ё ТӮЪМАИ “ПОДСТАВА”? 11 СОЛ ҲУКМИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ НАҚШАИ ҲАМЛА БА МАЗОРИ ХОҶА АҲМАДИ ЯСАВӢ

ТЕРРОРИСТ Ё ТӮЪМАИ “ПОДСТАВА”? 11 СОЛ ҲУКМИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ НАҚШАИ ҲАМЛА БА МАЗОРИ ХОҶА АҲМАДИ ЯСАВӢ

Додгоҳи махсуси байниниҳоявии вилояти Туркистон дар ҷануби Қазоқистон баррасии парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 2001-ро  ба поён расонда, ӯро бо ҷурми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ва таркондани мазори Хоҷа Аҳмади Ясавӣ ба 11 соли зиндон маҳкум кард.

Пойгоҳи хабарии Нур.Кз  рӯзи 19 сентябри соли 2023 хабар дод, ки ин ҷавони тоҷик дар додгоҳ худро тӯъмаи “подстава” номидааст. Маводи парванда дар воқеъ суолҳои зиёдеро дар бораи то куҷо ҳақиқат доштани иттиҳоми терроризм ба зидди ин ҷавони 22-сола эҷод мекунад.

Додгоҳ ҷавони тоҷикро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Қазоқистон: қисми чоруми моддаи 255 (сӯиқасд ба амали террористӣ) ва қисми якуми моддаи 256 (таблиғи ифротгароӣҒ гунаҳкор шинохтааст. Бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, шаҳрванди Тоҷикистон тарафдори ақидаи динии ифротӣ буда, дар фикри анҷоми ҳамлаи террористӣ будааст. Ӯ гӯё ҳамчун ҳадафи ҳамлааш  мазори сӯфии машҳур Хоҷа Аҳмади Ясавӣ дар шаҳри Туркистонро интихоб карда, моҳи феврали соли 2023 ба ин шаҳр омадааст ва дар як меҳмонхона ҷой гирифта, бо номҳои қалбакӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо дар пайи ҷустуҷӯи ҳамақидаву шарикон барои иҷрои нақшаи ҳамла шудааст. Як духтар бо ду “бародар”-аш, ки тавре баъдан ошкор шуд, кормандони КНБ, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон будаанд, бо ҷавони тоҷик тамос гирифта, худро ҳамақидаи ӯ нишон додаанд ва ба бовариаш даромадаанд.

Тибқи маводи парванда, онҳо баъди чанде рӯ ба рӯ вохӯрда, пиромуни масоили динӣ суҳбат кардаанд ва ба мазори Хоҷа Аҳмади Ясавӣ них рафтаанд. Ҷавони тоҷик гӯё гуфта бошад, ки ҳамаи онҳое, ки дар ин мазор намозу дуо мехонанд, кофиранд ва бояд аз байн бурда шаванд. Ҷавони тоҷик гӯё боз чанд бори дигар ҳамроҳи дӯстони наваш аз ин мазор дидан карда, нақшаи мазорро омӯхтааст, ки оё дар кадом қисматҳояш маводи тарканда гузошта, битарконад?

Ӯ барои сохтани бомб ҳатто Интернетро сайр карда, роҳнамо барои сохтани бомб меҷустааст. Бино ба шаҳодати он се нафар, ҷавон гӯё мехост 4 бомб сохта, дар 4 кунҷи мазор гузорад ва замони таҷаммӯи мардуми зиёд онҳоро битарконад.

Вале он духтар ва “бародаронаш”, ки корманди амният буданд, нагузоштаанд, ки ин нақша иҷро шавад. Ҷавонро бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ба ҳабс гирифтанд.

Вале дар додгоҳ он ҷавон фарзияи комилан дигарро нақл кардааст. Ба гуфтаи ҷавони тоҷик, ӯ ба як духтари сокини Туркистон ошиқ шуд ва мехост ба ӯ издивоҷ кунад, вале ду бародари вай ин ҷавонро маҷбур кардаанд, ки аввал ягон ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад. Ҷавон гуфтааст, ӯро бо роҳи фиреб гӯл заданд ва ба ин кори бад водор карданд, вагарна ягон фикри ҳамла дар сар надошт. Додгоҳ ин иддаои ҷавони тоҷикро қабул накард ва гуфт, ки гуноҳи ӯро маводи ҷамъовардаи тафтишот исбот мекунад. Вале ин ҳам гуфтанист, ки тафтишот ва додгоҳ ягон далели бо ягон гуруҳи ифротӣ ё террористӣ иртибот доштани ин ҷавони тоҷикро пайдо карда натавонист.

Бо ҳукми додгоҳ, ҷавони тоҷик дар умум ба 11 соли зиндони низомаш миёна маҳкум гардид. Ҳукми  ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, машҳур ба лақаби Ҳазрати Султон, файласуф, воиз ва шоиру сӯфии машҳур дар саросари Осиёи Марказӣ, соли 1103 дар Сайрам ба дунё омада, соли 1166 дар  Ясӣ (Туркистони кунунӣ) вафот кардааст. Хоҷа Аҳмади Ясавӣ бо хабони қарахониву уйғурӣ, ки дар дарбори сулолаи Қарахониён шакл гирифта буд, менавишт ва аз як девони ашъор бо номи “Девони ҳикмат” ба ёдгор мондааст. Ӯ халифаи сеюми тариқати Хоҷагон ва асосгузори тариқати Ясавӣ ба шумор рафта, бо тарбияи шогирдони фаровон дар паҳн кардани дини Ислом дар байни қабилаҳои туркзабони Осиёи Марказӣ нақши муҳимеро иҷро кардааст. Дар поёни асри 14, 233 сол баъди вафоти Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, бо фармони Амир Темур дар Ясӣ мазори ин сӯфии машҳур сохта шуд, ки то имрӯз зоирон аз саросари Қазоқистон ва берун аз он ба хотири зиёрати мазори ин пири тасаввуф ба Туркистон меоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/19/terrorist-yo-tumai-podstava-11-sol-hukmi-jak-javoni-tojik-baroi-naqshai-hamla-ba-mazori-hoja-ahmadi-jasavi/[/shorturl]
Источник