ФАВРӢ! ХУДКУШИИ ДУ ДУХТАРИ ҶАВОН ДАР ПАНҶАКЕНТ

ФАВРӢ! ХУДКУШИИ ДУ ДУХТАРИ ҶАВОН ДАР ПАНҶАКЕНТ

Рӯзи 17 сентябри соли 2023, тақрибан соати 11, ду амакдухтар аз мавзеи Шаршара (“Водопад”) дар канори шаҳри Панҷакент худро аз болои пули Ғарибак ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Ҷасадҳои онҳоро баъди қариб 6 соати ҷустуҷӯ лӯлиҳои сокини Панҷакент, ки ба ғаввосӣ ном баровардаанд, аз дарё берун оварда, ба наздиконашон супурдаанд.

Азбаски дасту пои духтарҳо баста буд, хешу табори онҳо аввал гумон кардаанд, ки шояд онҳоро касе дасту пояшонро баста, ба дарё партофта бошад.

Аммо лаҳзаи худро ба дарё партофтани ин ду духтар ба дурбини видеокамераи назоратие, ки дар болои пули Ғарибак насб карда шудааст, афтодааст. Дар ин сабт дида мешавад, ки ин ду духтар дар болои пул чанд лаҳза истода, худашон дастони якдигарро мебананд ва сипас аз болои пилаи пул гузашта, якбора ба дарё меҷаҳанд.

Сабаби худкушии ин ду духтари ҷавон аниқ карда нашудааст. Вале бархе сокинони (“Водопад”) ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки онҳоро чанде пеш ба ду марде, ки намехостанд, фотиҳа кардаанд ва азбаски волидонашон ба нею нестони ин ду духтар гӯш надодаанд, онҳо ба чунин шакл норозигии худро ба ин издивоҷ бо нархи ҷонашон баён доштаанд…

Дар дасти идораи “Бомдод” акси ҷасадҳои ин ду духтар низ ҳаст, вале аз нашри ин акс худдорӣ мекунем.

Ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар, бештар занону духтарон ба ҷони худ қасд мекунанд. Нофаҳмиҳо дар оила ва мушкилоти зиндагӣ аз сабабҳои умдаи худкушии занону духтарон дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/18/favri-hudkushii-du-duhtari-javon-dar-panjakent/[/shorturl]
Источник