ЭЪЛОНИ МУКОФОТПУЛӢ ВА ДАРХОСТИ КУМАК АЗ ТОҶИКОНИ РУСИЯ БАРОИ ҶУСТУҶӮИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”
Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони беш аз 50 минтақаи Русия дар шаҳри Маскав гуфт, Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”, муттаҳами асосӣ дар парвандаи рабудан ва қатли муовини якуми роҳбари ҶСК “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев дар қаламрави Русия пинҳон шудааст. Тафтишот барои онҳое, ки дар бораи макони будубоши Дилшод Саидмуродов маълумот медиҳанд, мукофотпулӣ таъйин карда, аз созмонҳои тоҷикон дар Русия барои кумак ба боздошти ӯ кумак хостааст.
Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13 сентябри соли 2023 дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” хабар дод, ки дар толори маҷлисгоҳи сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мулоқоти намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон бо намояндагони ин Шӯро ва роҳбарони созмонҳои тоҷикони беш аз 50 минтақаи Русия пиромуни парвандаи куштори муовини якуми роҳбари ҶСК “Ориёнбонк” баргузор гардид.
Дар иттилоияи Шӯрои ҷамъиятӣ гуфта мешавад: “Зимни мулоқот намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки яке аз ҷинояткорон, аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар куштори муовини якуми роҳбари ҶСК “Ориёнбонк” – Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович айни ҳол дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошта, барои дастгир ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ таслим намудани ҷинояткор роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷиконро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ба таври ҳузурӣ ва онлайн бо расмҳои ҷинояткор ошно гардида, ҳамкории худро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабар додан оид ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҷамъоварии дигар маълумот нисбати ҷинояткори махсусан хавфнок иброз омодагии худро иброз доштанд. Намояндаи Прокуратураи генералӣ таъкид намуд, ки ҳар нафаре, ки ба мо вобаста ба буду боши ҷинояткор иттилоъ медиҳад, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад”.
Ҳаҷми мукофотпулӣ гуфта нашудааст, вале аз онҳое, ки дар бораи макони будубоши Дилшод Саидмуродов маълумоте доранд, хоста шудааст, ки бо ин рақами телефон тамос бигиранд:
+7 (925) 908 63 39
![[Incomplete]ПОДДЕРЖИТЕ НАС - Имруз](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/09/%D0%BD%D0%B0%D0%BC%D0%BE%D1%8F%D0%BD%D0%B4%D0%B0%D0%B8-%D0%93%D0%B5%D0%BD%D0%BF%D1%80%D0%BE%D0%BA%D1%83%D1%80%D0%B0%D1%82%D1%83%D1%80%D0%B0-%D0%A0%D0%A2-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%9C%D0%B0%D1%81%D0%BA%D0%B0%D0%B2.jpg?resize=708%2C398&ssl=1)
Бино ба фарзияи тафтишот, 5 нафар аз одамрабоён – Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Бахтовар Сафаров – баъди чандин рӯзи таъқиби муовини аввали раиси “Ориёнбонк” шоми 23 июни соли 2023 Шуҳрат Исматуллоевро аз назди манзилаш дар маркази шаҳри Душанбе ба мошин бор карда, ба як манзили аз қабл иҷорагирифташуда дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта фирор кардаанд. Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент дар наздикии марз бо Ӯзбекистон пайдо карда, рӯзи 30 август ба хок супурданд.
Рустам Ашӯров дар як суҳбати телефонӣ бо модараш куштани Исматуллоевро эътироф карда, гуфта буд, ки ӯро барои биткоинҳояш, ки гӯё ба маблағи 100-200 миллион доллар будааст, рабуданд, вале “Дилшоди СБ ӯро чунон зад, ки мурд”.
Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки аз 16 узви гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятие, ки дар рабудан ва куштори Исматуллоев даст доштанд, 13 нафараш алакай дастгир шудаанд. Аз 5 нафаре, ки бевосита дар рабудани бонкдори маъруф иштирок доштанд, Рустам Ашӯров дар роҳи фирор дар Молдова кушта шуду Бахтовар Сафаровро аз Туркия ва Акбар Ахмедовро аз Русия тавонистанд биоранд. Дилшод Саидмуродов, ки мақомот ӯро роҳбар игуруҳи одамрабоён мешуморанд, ва шарикаш Шоҳрух Хоҷаев, ки ҳарду ҳамроҳи аҳли оилаҳояшон субҳи 24 июн, билофосила баъди куштани Исматуллоев аввалӣ бо парвози Душанбе – Маскав ва дувумӣ бо парвози Душанбе – Истанбул фирор карданд. Дар бораи куҷо будани Шоҳрух Хӯҷаев маълумоте нест, вале манобеи “Бомдод” мегӯянд, “Дилшоди Красавчик” дар ҳудуди як пойгоҳи зархаридони ЧВК “Вагнер” дар сарзаминҳои аз сӯи Русия ишғолшудаи Украина пинҳон шудааст.
Дар поёни моҳи август мақомот Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродовро дар Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир карданд.
Дар ин байн, “Дилшоди Красавчик” чанд дафъа бо роҳбарони гуногуни оппозитсияи тоҷик дар хориҷ тамос гирифтааст ва ба гуфтаи манобеи огоҳ аз муҳтавои ин тамосҳо, талош дорад, то ба қазияи худ рангу тобиши сиёсӣ бидиҳад.
[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/14/jeloni-mukofotpuli-va-darhosti-kumak-az-tojikoni-rusija-baroi-justujui-dilshodi-krasavchik/[/shorturl]
Источник