Ёдгории Роҳҳои Абрешим ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид

Ёдгории Роҳҳои Абрешим ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид

09:50, имрӯз

Сурат: Аксҳо аз сомонаи ВКХ Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имттилоъ дод, ки 17-уми сентябри соли 2023, дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ идома дорад, ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Гуфта мешавад, ки ёдгории фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим – “Зарафшон-Қароқум”аз 31 ёдгорӣ ибора мебошад, ки дар се давлат – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷойгир шудаанд. 9-то ин ёдгориҳо дар Тоҷикистон қарор доранд: Панҷакенти қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, қалъаи Ҳисорак, Гардани Ҳисор, Қалъаи Муғ, Қалъаи Қум, Тали Хамтуда, низоми обёрикунии Тоқсанкорез, Оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро.

Ҳамин тавр, 15 ёдгории дигар дар давлати Ӯзбекистон ва 7-то он дар Туркманистон ҷойгир шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

[shorturl]https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20230918/yodgorii-rooi-abreshim-ba-feristi-yunesko-vorid-gardid[/shorturl]
Источник

Яндекс.Метрика