ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР 3 САДАМАИ РӮЗИ 17 СЕНТЯБР

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР 3 САДАМАИ РӮЗИ 17 СЕНТЯБР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  рӯзи 17-уми сентябри соли 2023 дар се садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар захмӣ шуданд.

Аз ҷумла субҳи 17-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 04:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зафира”, Назаров Имомҷон Азимович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи Поён”,  дар километри 121-120 дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “ВАЗ-21010”, таҳти идораи Мирзоев Иззатулло Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-21010”, Мирзоев И.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири мошини мазкур, Абдуҳалимов Эмомҷон Абдурозиқович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамзамон, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зафира”, Назаров И.А. ва мусофираш Ахмедова Назокат Давлатовна, соли таваллудаш 1969, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
17-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 11:25, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», Шораҳматов Бобо Шоабдуллоевич, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Исфара ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Кучкак-Исфара-Гулистон”, дар километри 11,5-уми шоҳроҳи “Исфара-Хуҷанд” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Мерседес-Спринтер», таҳти идораи ронанда, Раҳимов Парвиз Раҳимович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натича, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира», Шораҳматов Б.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири мошини тамғаи «Опел-Зафира», Сафаров Фарзон, соли таваллудаш 1980, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, сипас ба ҳалокат расидааст.
17-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи амошини тамғаи “Опел-Астра”, Маҳкамов Шокир Тағоймуродович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти М.Ризои шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тағоев Муқимҷон Бегматович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Тағоев М.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфта, дар се моҳи охир дар бораи ҳалокати дастикам 120 нафар дар садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон хабарҳо ба даст расидаанд.

 11 нафари онҳо дар як садамаи мудҳиши аввали моҳи июл бар асари бархӯрди ду мошин дар ноҳияи  Файзобод ба ҳалокат расида, 11 тани дигар бегоҳи 6 август дар Кӯлоб ба иллати аз кор баромадани тормози мошини пур аз бори “Дулан” ва дастикам 7 мошину 3 хонаро пахш кардани он ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамчунин шаби 8 сентябр бар асари ба мошини боркаши “Долун” бархӯрдани “Тойота Камри” дар шаҳри Ваҳдат ронандаи мошини сабукрав бо ду фарзандаш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 5 узви дигари оилаи ӯ: модар, ҳамсар ва се фарзандаш ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/18/halokati-4-nafar-dar-3-sadamai-ruzi-17-sentjabr/[/shorturl]
Источник