ҶУСТУҶӮИ ФИРӮЗ МУМИНОВ БАРОИ КУМАК БА ФИРОРИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”

ҶУСТУҶӮИ ФИРӮЗ МУМИНОВ БАРОИ КУМАК БА ФИРОРИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 15 сентябри соли 2023 хабар дод, ки Фирӯз Муминов, сокини 39-солаи деҳаи Чузии ҷамоати Чусти ноҳияи Шаҳринавро барои кумак ба фирори Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик”, муттаҳами асосӣ дар рабудан ва қатли бонкдори маъруф Шуҳрат Исматуллоев таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Худи Фирӯз Муминов ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале додситонӣ мегӯяд, ки Муминов се сол боз Дилшод Саидмуродовро мешинохт ва баъди фирори ӯ аз Тоҷикистон Саидмуродовро як ҳафта дар Пенза пинҳон карда, сипас тавассути мошини кирокаш ба Маскав фиристодааст.

Додситонӣ дар баёнияаш гуфт: “Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминов Фирӯз Фаттоевич, санаи таваллудаш 10 январи соли 1984, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Чуст, деҳаи Чузӣ, ки аз соли 2020 бо Саидмуродов Д.Ҳ. шиносоӣ дошт,  баъди содир кардани ҷиноят Саидмуродов Д.Ҳ.-ро дар шаҳри Пензаи Федератсияи Россия қабул карда, то 1 июли соли равон барои пинҳон шудани ӯ мусоидат намудааст. Пас аз ин, Муминов Ф.Ф. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, дидаву дониста, ки Саидмуродов Д.Ҳ. дар ҷустуҷӯӣ байналмилалӣ қарор дорад бо мақсади дар дигар минтақаи Федератсияи Россия пинҳон намудан, ӯро аз шаҳри Пенза тавассути воситаи нақлиёти кироякаш ба шаҳри Москва гусел кардааст.  Бинобар ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Муминов Ф.Ф. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҷустуҷӯӣ байналмилалии ӯ эълон карда шудааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамзамон тасдиқ кард, ки “ҳар нафаре, ки ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба буду боши ҷинояткор иттилоъ медиҳад, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон инро ҳам тасдиқ кард, ки ахиран дар як мулоқот бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Русия ба онҳо аксҳои Дилшод Саидмуродовро нишон дода, барои ҷустуҷӯи ӯ аз муҳоҷирони тоҷик кумак хостаанд. Ин ниҳод бар ин аст, ки Саидмуродов дар қаламрави Русия пинҳон шудааст. Ин дар ҳолест, ки бархе манобеъ қаблан дар бораи дар як пойгоҳи ҷангҷӯёни ЧВК “Вагнер” дар сарзаминҳои аз сӯи Русия ишғолшудаи шарқи Украина хабар дода буданд.

Бино ба фарзияи тафтишот, 5 нафар аз одамрабоён – Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Бахтовар Сафаров –  баъди чандин рӯзи таъқиби  муовини аввали раиси “Ориёнбонк” шоми 23 июни соли 2023 Шуҳрат Исматуллоевро аз назди манзилаш дар маркази шаҳри  Душанбе ба мошин бор карда, ба як манзили аз қабл иҷорагирифташуда дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта фирор кардаанд. Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ  рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент дар наздикии марз бо Ӯзбекистон пайдо карда, рӯзи 30 август ба хок супурданд.

Рустам Ашӯров дар як суҳбати телефонӣ бо модараш куштани Исматуллоевро эътироф карда, гуфта буд, ки ӯро барои биткоинҳояш, ки гӯё ба маблағи 100-200 миллион доллар будааст, рабуданд, вале “Дилшоди СБ ӯро чунон зад, ки мурд”.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки аз 16 узви гуруҳи муташаккилонаи ҷиноятие, ки дар рабудан ва куштори Исматуллоев даст доштанд, 13 нафараш алакай дастгир шудаанд. Аз 5 нафаре, ки бевосита дар рабудани бонкдори маъруф иштирок доштанд, Рустам Ашӯров дар роҳи фирор дар Молдова кушта шуду Бахтовар Сафаровро аз Туркия ва Акбар Ахмедовро аз Русия тавонистанд биоранд. Дилшод Саидмуродов, ки мақомот ӯро роҳбари гуруҳи одамрабоён мешуморанд, ва шарикаш Шоҳрух Хоҷаев, ки ҳарду ҳамроҳи аҳли оилаҳояшон субҳи 24 июн, билофосила баъди куштани Исматуллоев аввалӣ бо парвози Душанбе – Маскав ва дувумӣ бо парвози Душанбе – Истанбул фирор карданд. Дар бораи куҷо будани Шоҳрух Хӯҷаев маълумоте то ҳол нест. “Дилшоди Красавчик” низ дақиқ нест, ки дар Русия аст ё Украина?

Дар поёни моҳи август мақомот Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродовро дар Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир карданд. Ҳадс зада мешуд, ки бо ин роҳ мақомот мехоҳанд писари фирории ӯро аз ҳечааш берун биоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/15/jeloni-justujui-firuz-muminov-baroi-kumak-ba-firori-dilshodi-krasavchik/[/shorturl]
Источник