2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: 2 САДАМАИ МАРГБОР ДАР ҚУМСАНГИР ВА АЙНӢ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 15 сентябри соли 2023, дар фосилаи ҳамагӣ чанд дақиқа дар ду гӯшаи гуногуни ҷумҳурӣ: дар Қумсангир ва Айнӣ ду садамаи маргбор рух дода, боиси марги ду ронанда ва як зани мусофир шудааст.
Аз ҷумла 15-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 16:50, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, Мухторов Акрам Нигмонович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Қумсангир, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Футон”, таҳти идораи Давлатёров Ғиёсиддин Мусаёрович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама, ронандаи “Мерседес”, Мухторов А.Н. ва мусофираш Мирова Баргигул Хушқадамовна, соли таваллудаш 1966, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин, бино ба хабари дигари ВКД, 15-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 16:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Актирос», Юнусов Қаҳрамон Раҳмонович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар мавзеи Хуюҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро дар канори чапи роҳ чаппа кардааст. Дар натича, ронанда Юнусов К. ба дарёи Фон афтида, ғарқ шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ бо нашри 2 акс аз ҷои ҳодиса дар бораи садамаи Айнӣ тафсилоти бештар додааст. Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса дар километри 124,6 рух дода, баъди чаппа шудани мошинаш ронандаи “Мерседес”, сокини 35-солаи ҷамоати Айнӣ ба ҷарии чуқуриаш 120 метр ғалтида, ба дарёи Фон афтодааст.
Кумита гуфт, шоҳидон ба ин ниҳод занг зада, кумак хостаанд. Ба ҷои ҳодиса 6 наҷотбахш аз шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар водии Зарафшонро сафарбар кардаанд ва онҳо бо кумаки асбоби кӯҳнавардӣ ба он ҷарӣ фаромада, дар натиҷаи ҷустуҷӯ ҷасади ронандаро 800 метр пойинтар аз маҳалли ба дарё афтоданаш пайдо кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз ронандагон хостааст, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш суръати ҳаракатро бавижа дар роҳҳои кӯҳистон қатъиян риоя кунанд. “Наздиконатон дар хона чашм ба роҳи шумоанд!” – гуфта мешавад дар ҳушдори Кумита.
![[Incomplete]ПОДДЕРЖИТЕ НАС - Имруз](https://i1.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/09/%D1%81%D0%B0%D0%B4%D0%B0%D0%BC%D0%B0-%D0%90%D0%B9%D0%BD%D0%B8-15-09-2023-1.jpg?resize=708%2C398&ssl=1)
![[Incomplete]ПОДДЕРЖИТЕ НАС - Имруз](https://i2.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2023/09/%D1%81%D0%B0%D0%B4%D0%B0%D0%BC%D0%B0-%D0%90%D0%B9%D0%BD%D0%B8-15-09-2023-2.jpg?resize=708%2C398&ssl=1)
Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854
[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/16/2-aks-az-joi-hodisa-2-sadamai-margbor-dar-qumsangir-va-ajni/[/shorturl]
Источник