20 СОЛ ШИШТУ… ФИРОРИ МАҲБУСИ ТОҶИКИСТОНӢ КАМОЛҶОН КАЛОНОВ АЗ МАҲБАСИ РУСИЯ

20 СОЛ ШИШТУ… ФИРОРИ МАҲБУСИ ТОҶИКИСТОНӢ КАМОЛҶОН КАЛОНОВ АЗ МАҲБАСИ РУСИЯ

Шаҳрванди Тоҷикистон Камолҷон Калонов, ки қариб 20 солро дар маҳбаси Русия пушти сар кард, рӯзи 18 сентябри соли 2023, дар рӯзе ки бояд озод мешуд, аз маҳбаси сукунать (колония-поселение)-и №19, воқеъ дар шаҳраки Маркови вилояти Иркутск фирор кардааст. Шаҳраки Марков дар фосилаи ҳамагӣ чанд километр аз канораҳои ҷанубуғарбии шаҳри Иркутск ҷойгир шудааст.

Дар маркази матбуоти ГУ ФСИН, хадамоти зиндонҳои вилояти Иркутск ба хабаргузории русии ТАСС  гуфтанд, ки Камолҷон Калоновро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

“18 сентябри соли 2023 дар маҳбаси сукунатии назди маҳбуси №19 муайян карда шуд, ки як маҳбуси соли таваллудаш 1974 ҳузур надорад.  Имрӯз рӯзи аз маҳбас озод шудани ӯ буд. Барои фирор ба ӯ то 4 соли дигари зиндон таҳдид мекунад”, –  хабар додаанд дар идораи зиндонҳои вилояти Иркутск.

Бино ба шарҳи ин идора, дар маҳбаси сукунатӣ маҳбусонро бидуни посбон нигоҳ медоранд ва онҳо дар дохили маҳбаси сукунатӣ озодона равуо мекунанд ва бо иҷозати маъмурият метавонанд ба берун аз маҳбас, вале танҳо дар доираи шаҳрак ҳам бидуни посбон бираванд. Камолҷон Калонов як рӯз қабл барои рафтан ба берун иҷозат гирифтааст ва мебоист дар зарфи 24 соат бармегашт, вале бо вуҷуди гузаштани муҳлати ниҳоӣ ӯ ба маҳбас барнагаштааст.

Камолҷон Калонов собиқаи ҷиноии бой дошт. Ӯро бор аввал дар солҳои 90 бо ҷурми ташкили гуруҳи муташаккилонаи ҷиноӣ ва фарзандхонии ғайриқонунӣ зиндонӣ карданд. Калонов соли 1997 аз зиндон озод шуд, вале алакай дар соли 2003 ӯро бо ҷурмҳои сангини куштор, ғоратгарӣ ва тамаъҷӯӣ ё дуздии силоҳ ба 22 соли зиндон маҳкум карданд.

Рӯзи 18 сентябр Калоновро бояд пеш аз муҳлат озод мекарданд. Маълум нест, ки баъди берун рафтанаш бо ӯ чӣ шудааст?, вале як ҳадси мақомот ин аст, ки шояд ӯ аз ин метарсид, ки баъди раҳоӣ ба Тоҷикистон ихроҷаш мекунанд. Мақомоти Русия ҳамаи маҳбусони хориҷиро баъди ба поён расидани муҳлати ҳукмашон ихроҷ мекунанд.

Ҳадси дигар ин аст, ки мисли бисёре аз маҳбусони дигари собиқадор Камолҷон Калонов дар ин 20 сол ба муҳити маҳбас, аз ҷумла ба ин ки сарпаноҳе болои сар дорад ва хӯрду хӯроку пӯшокаш ҳам таъмин карда мешавад, одат кардааст ва шояд озод шудан намехоҳад.

Нишонаҳои Камолҷон Калонов: Ба зоҳир 45—50  сол ва 176 сантиметр қаду бадани тануманд, чашмони сиёҳ, мӯи кӯтоҳи сиёҳе ҷо-ҷо дар байнаш сафедӣ дамида дорад. Нишонаҳои вижа: 6 осори захм дар қисмати шикам, панҷаҳои каҷшудаи ҳарду даст ва дар ҳарду китфаш суратҳои татуи мавҳум кашида шудаанд.

Рақамҳо барои тамос:

Шуъбаи кофтукови идораи зиндонҳои вилояти Иркутск 8 (3952) 26-81-24, 26-81-45,

Қисми навбатдории ГУФСИН 8 (3952) 33-97-56, 26-81-59.

Бино ба омори идораи федералии зиндонҳои Русия, то 1 январи соли 2020 дар зиндонҳои Русия беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 зодаи дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳо таҳти тафтиш қарор доштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/19/20-sol-shishtu-firori-mahbusi-tojikistoni-kamoljon-kalonov-az-mahbasi-rusija/[/shorturl]
Источник