PAYOM.NET, ЯК СОМОНАИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ МАСДУД КАРДА ШУД

PAYOM.NET, ЯК СОМОНАИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ МАСДУД КАРДА ШУД

“Роскомнадзор”, як идораи давлатии Русия дастрасӣ ба фарзияи русии сомонаи “Паём” (Payom.Net), як сомонаи марбут ба оппозитсияи тоҷикро дар қаламрави Русия масдуд кардааст. Дар ин бора рӯзи 14 сентябри соли 2023 пойгоҳи Роскомсвобода, ки сомонаҳои аз ҷониби мақомоти Русия масдудшударо пайгирӣ ва рӯйхат мекунад, хабар додааст.

Бино ба иттилои Роскомсвобода, ду мақолаи “Паём” аз ҷониби мақомоти Русия таҳти сонсури ҳарбӣ қарор гирифтааст. Ҳарду матлаб ба ҷанги Русия ба зидди Украина рабт гирифта, якеаш дар бораи эҳтимоли эълони мавҷи нави мобилизатсия дар Русия  аст ва дуюмӣ пиромуни суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби феълан дар Тоҷикистону Русия мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ва эътилофи нирӯҳои оппозитсияи тоҷик бо номи Паймони миллии Тоҷикистон, ки фаъолияти он ҳам дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, дар як анҷумани роҳбарони оппозитсияи Русия  ва пуштибониаш аз Украина дар ин суханронӣ.

Кабирӣ моҳи ноябри соли 2022 дар анҷумани мухолифони режими Путин иштирок ва суханронӣ карда буд, вале мақолаи “Паём” дар бораи  эҳтимоли эълони мавҷи нави мобилизатсия дар Русия  тоза чанд рӯз пеш чоп шуда буд.

Нишонӣ ё линки ҳарду мақолаи дар Русия масдудшудаи “Паём” дар рӯйхатти сомонаҳои дар Русия масдудшуда  дар пойгоҳи Роскомсвобода рӯзи 12 сентябри соли 2023 илова карда шудааст.

Сомонаи хабарию таҳлилии “Паём”, ки қароргоҳаш дар қаламрави Иттиҳоди Аврупост, асосан дар мавзӯъҳои Тоҷикистон ва бештар аз нигоҳи интиқодӣ нисбат ба роҳбарони кунунии ин кишвар мақола нашр мекунад. Вале ин сомона масоили байналмилалӣ, аз ҷумла ҷанги Украинаро низ пайгирӣ ва инъикос мекунад.

Сомонаи “Паём”-ро ба ҲНИТ рабт медиҳанд. Роҳбарони ин ҳизб баъди манъи фаъолияташ дар Тоҷикистон дар соли 2015 ба Аврупо паноҳ бурда, фаъолияти ҳизбро низ ба Аврупо кӯчондаанд. Русия то имрӯз аз байни кишварҳои дунё ягона кишварест, ки дар масъалаи ҲНИТ аз мавқеи ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ кард ва моҳи сентябри соли 2022 фаъолияти ҳизби наҳзатро дар қаламрави Русия низ мамнӯъ кард.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии муовини вазири дифои ин ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, фаъолияти ҳизби наҳзатро мамнӯъ карда, онро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карданданд ва беш аз 200 тан аз роҳбарону аъзо ва тарафдоронашро боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд. Аз ҷумла ду муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ ба ҳабси умрбод маҳкум шуданд. Садҳо тани дигар аз роҳбарон, аъзои ва тарафдорони ҲНИТ дар пайи ин мавҷи таъқибот ба хориҷ, асосан ба Аврупо паноҳ бурданд ва ҲНИТ фаъолияташро дар Аврупо аз сар гирифт.

Роҳбарони ҲНИТ иттиҳоми даст доштан дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳамин тавр, иттиҳомоти ифротгароӣ ва терроризмро нисбат ба худ рад мекунанд ва мегӯянд, ошӯби генерал Назарзода барои мақомот танҳо дастак ё баҳонае шуд, ки бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукуматро аз саҳна биронанд ва яккатозии ҳизби ҳоким ва муттаҳидонашро таъмин кунанд.

Мақомоти Русия бавижа баъди оғози ҷанги Украина сомонаҳои интернетиро ба сурати оммавӣ баста истодаанд. Сомонаҳоро дар Русия метавонанд барои интиқод аз ҷанги ин кишвар ба зидди Украина ва ҳатто барои истифодаи вожаи “ҷанг” дар робита ба задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хоки Украина метавонанд бубанданд. Мақомоти Русия бо исрор аз расонаҳо талаб доданд, ки ҷанги зидди Украинаро, тавре ки Кремл мехоҳад, “амалиёти ҳарбии махсус” биноманд, на ҷанг.

Бино ба ҳисоби Роскомсвобода, то имрӯз дар Русия беш аз 1,5 миллион сомона масдуд карда шудааст. Аксараш барои мавқеи аз назари Маскав “нодуруст” нисбат ба ҷанги зидди Украина.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

[shorturl]https://www.bomdod.com/2023/09/15/payom-net-jak-somonai-oppozitsijai-tojik-dar-rusija-masdud-karda-shud/[/shorturl]
Источник