Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
18:00, 10 декабр
Ба хотири пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётии эҳтимолӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт дар кишвар.
Соҳибони скутерҳо бояд воситаи нақлиёти худро ба қайд гузошта, рақами давлатӣ гиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и шаҳри Душанбе хабар доданд. Ин тасмим дар асоси тағйиру иловаҳо ба қарори ҳукумат дар бораи “Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои анқлиёти механикӣ ва ядакҳо (притсепҳо)” ворид карда шудааст.
Аз БДА гуфтанд, ки сабаби чунин тасмим зиёд шудани ҳодисаҳои садамаи нақлиёт бо айби ронандагони скутерҳо, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт дар кишвар аст.
Дар ҳолати аз 40 км/соат зиёд будани суръат ва 50 мукаабро ташкил додани ҳаҷми муҳаррик скутерҳо бояд ба қайд гирифта шаванд.
Радиои Озодӣ аз қавли манбаъи худ аз БДА навишт, ки бар иловаи рақами давлаӣ, ҳамчунин соҳибони скутерҳо вазифадор шудаанд, ки шаҳодатномаи бақайдгирӣ (техпаспорт) ва ҳуҷҷат барои нобудсозии нақлиёт гиранд. “Арзиши шаҳодатномаи бақайдгирӣ (техпаспорт)-и скутерҳо 280 сомонӣ, пули рақами қайди давлатӣ 270-280 сомонӣ муайян шуда, инчунин, барои нобуд сохтан (утилизатсия)-и нақлиёти 360 сомонии дигар мепардозанд”, -навиштааст ин раосна.
Ҳудуди 2 сол пеш “Азия-Плюс” дар бораи танзим нагардидани василаи колорасонӣ (доставщик), ки ба воситаи скутерҳо сурат мегирад, мақолаи таҳлилӣ навишта буд. Дар он гуфта мешуд, ки ронандагони “скутер”-у “мопед”-ҳо дар роҳҳои Душанбе бо эҷоди ҳолатҳои садамаовар ҳаракат мекунанд ва ҳатто, баъзан мушоҳида мешавад, ки онҳо барои убури тамбашавии роҳ тавассути роҳравҳои пиёдагард низ ҳаракат менамоянд. Инак, бо гузашти ду сол фаъолияти скутерҳо ба танзим дароварда шуд.
Зимнан, тирамоҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд “Амалиёти скутер” баргузор гардид, ки сабаби он зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои вазнин бо иштироки скутерҳо ва мотосиклҳо (дучархаҳо) буд. Бар асари чунин садамаҳо ҳалокшудагон низ буданд. Он вақт низ скутерҳо ба қайд гирифта шуда, ба онҳо рақами давлатӣ дода мешуданд.
Аз БДА гуфтанд, ки барои ба қайди давлатӣ нагузоштани скутерҳо дар асоси моддаи 310 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон) ҷарима пешнбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, барои риоя накардани тартиби бақайдгирии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакдор аз 1 то 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (имсол 1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.
Барои кам кардани садамаҳои нақлиётӣ
Назорати скутерҳо дар кишварҳои ҳамсоя низ шадидтар мешавад. Масалан, дар Ӯзбекистон ВКД пешниҳод кардааст, ки аз 1 январи соли 2025 истифодаи скутерҳо ва мопедҳо бидуни бақайдгирӣ дар роҳҳои умумӣ манъ карда шавад. Аз моҳи июли соли ҷорӣ дар он ҷо бақайдгирии давлатӣ ва додани рақамҳо барои скутерҳо ва мопедҳо ҷорӣ шудааст.
Дар шарҳи ВКД Ӯзбекистон зикр мешавад, ки мотосиклҳои барқӣ (электрикӣ), скутерҳо ва мотороллерҳо дар таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракати роҳ мушкилоти зиёд эҷод мекунанд.
Дар Қазоқистон моҳи октябри соли ҷорӣ президент Қосим-Жомарт Токаев қонунеро имзо кард, ки мувофиқи он мопедҳо ва скутерҳо бояд расман ба қайд гирифта шаванд. Ба ронандагон барои бақайдгирӣ то 3 апрели соли 2025 муҳлат дода шуд.
Дар Қирғизистон моҳи сентябри соли ҷорӣ Сарраёсати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ВКД нисбати ронандагони мотосиклҳо ва скутерҳо рейдҳои васеъмиқёс гузаронид. Сабабаш боз ҳам зиёд шудани садамаҳо бо иштироки соҳибони ин воситаҳои нақлиёт унвон шуд.
Ронандагоне, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоштанд, ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ фиристода мешуданд.
Больше на Сегодня.Today
Subscribe to get the latest posts sent to your email.