Ба Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим пули зиёд лозим аст
Дар нишасти иқлимии “COP29” дар шаҳри Боку дар бораи зиёд кардани маблағгузории солона барои мубориза бо буҳрони иқлим то 300 млрд доллар қарор қабул шуд. Ин тасмим як иқдоми муҳим дар дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта мебошад, ки бо паёмадҳои тағйироти иқлим дучоранд.
Чунин маблағгузорӣ барои барномаҳои иқлимии Тоҷикистон чӣ миқдор ҷудо хоҳад шуд, ҳанӯз номаълум аст, вале мо тақрибан медонем, ки ба кишвар чӣ қадар маблағ ва барои кадом ҳадафҳо лозим аст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ин хусус гуфт:
“Барои Тоҷикистон, яке аз кишварҳое, ки ба тағйироти иқлим бештар осебпазир аст, чунин қарорҳо аҳамияти махсус доранд. Бо вуҷуди кофӣ набудани 300 млрд доллар, мо ҷараёни мусбатро мебинем. Ин маблағҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва рушди инфрасохтор заруранд.
Ман мутмаинам, ки ин қарори дар “COP29″ қабулшуда дар талошҳои ҷаҳонӣ барои коҳиши партовҳои карбон ва гузариш ба ояндаи устувор нақши калидӣ мебозад”.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон лоиҳаҳо оид ба гузаштан ба энергияи “сабз” бо шумули сохтмони НБО “Роғун”, рушди технологияҳои ҳидрогении сабз ва содироти барқро тариқи лоиҳаи CASA-1000 фаъолона амалӣ месозад.
Солҳои ахир майдони чарогоҳҳои хушсифат дар ҷумҳурӣ тадриҷан кам ва нигоҳубину парвариши чорво душвор мешавад. Дар бисёре аз ноҳияҳои чорвопарварии кишвар дар мавсими зимистон норасии хӯрокаи чорво ба назар мерасад. Чӯпонҳо зимни чаронидан ва ба дигар ҷой бурдани чорво ба душвориҳо дучор мешаванд. Барои барқарор намудани чарогоҳҳо сармоягузорӣ зарур аст
Сурат: Asia-Plus
Ба Тоҷикистон маблағ лозим аст
Дар гузориши нави марбут ба маблағгузории устувор дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябр дар Остона пешниҳод шуд, зикр гардидааст, ки Тоҷикистон сарфи назар аз саҳми кам дар партовҳои глобалии газҳои гулхонаӣ, бо паёмадҳои ҷиддии тағйироти иқлим дучор мешавад.
Коҳиши пиряхҳо ва камшавии захираҳои об ба иқтисоди кишвар таҳдид мекунанд, хусусан ба соҳаи кишоварзӣ, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши калидӣ дорад.
Барои ҳаллу фасли ин мушкилот ҳукумати Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои стратегии ҳадафмандро қабул менамояд, ки ба гузариш ба бетарафии карбон ва рушди иқтисоди «сабз» равона шудаанд.
Аммо расидан ба ин ҳадафҳо захираҳои молиявии назаррасро талаб карда, зарурати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ҷорӣ кардани абзорҳои молиявии инноватсиониро ба миён меорад.
Барои ҷалби маблағҳо Тоҷикистон бояд корҳоро дар самти фароҳам овардани муҳити ҷолиби сармоягузорӣ идома диҳад. Ин натанҳо ба таҳкими иқтисоди устувор мусоидат мекунад, балки сарборӣ ба буҷети миллиро коҳиш дода, гузариши «сабз»-ро дастрастар мегардонад.
Талаботи молиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқлим
Тибқи гузориш дар бораи талабот ба маблағгузории устувор, кишварҳои Осиёи Марказӣ барои татбиқи ислоҳоти иқлимӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим бо мушкилоти бузурги молиявӣ дучор мешаванд.
Маълумоти асосӣ чунин аст:
Дар гузориши кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба иқлим ва рушд хароҷоти умумӣ барои тадбирҳои иқлимӣ дар Тоҷикистон 96 млрд доллар арзёбӣ шудааст, аз ҷумла:
17 млрд доллар барои тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим;
79 млрд доллар барои татбиқи ислоҳот то соли 2050.
Ба Тоҷикистон барои дастрасӣ ба маблағгузории иқлимӣ чӣ лозим аст?
Ясин Анвар, раиси Дафтари минтақавии GIP (Бунёди сармоягузории инфрасохтории амрикоӣ) дар Осиёи Марказӣ, ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, тавсия медиҳад, ки табақабандӣ (таксономия)-и лоиҳаҳои сабзро қабул кунанд. Ин иқдом ба рушди маблағгузории устувор мусоидат мекунад.
Ин як қадами калидӣ барои эътимод бахшидан ба сармоягузорон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад.
Табақабандии лоиҳаҳои сабз як низоми таснифотист, ки ба муайян кардани аз лиҳози экологӣ устувор будани кадом лоиҳаҳо ё навъи фаъолият кумак мекунад.
Ё ба ибораи дигар, ин рӯйхати меъёрҳое мебошад, ки тавассути онҳо метавон арзёбӣ кард, ки фаъолияти ташкилот ё лоиҳа то кадом андоза ба ҳифз ё барқарорсозии муҳити зист мусоидат мекунад.
Барои кадом лоиҳаҳо маблағ лозим аст?
Самтҳои асосии таҳияи лоиҳаҳои сабз дар Тоҷикистон метавонанд чунин бошанд:
Сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия
Ҳукумат кӯшиш мекунад, ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаро дар тавозуни энергетикӣ зиёд кунад.
Масалан, пас аз анҷоми сохтмони сарбанди Роғун, интизор меравад, ки он натанҳо ниёзҳои дохилии энергетикии кишварро қонеъ месозад, балки барои содироти неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя имкониятҳо фароҳам меорад.
Роҳ ба Роғун
Сурат: Asia-Plus
Аммо бархе аз созмонҳои байналмилалии экологӣ сохтмони неругоҳҳои барқи обиро ба лоиҳаҳои «сабз» мансуб намедонанд, зеро онҳо метавонанд ба муҳити зист зарар расонанд. Баҳсу мунозираҳо дар ин маврид идома доранд.
Лекин лоиҳаҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ пурра ба меъёрҳои маблағгузории сабз мутобиқат мекунанд.
Масалан, дар кишвар лоиҳаи Барномаи рушди СММ/ГЭФ «Рушди корхонаҳои хурд ва миёна дар соҳаи энергетикаи сабз» амалӣ мешавад. Бо дастгирии лоиҳа беш аз 500 неругоҳи офтобӣ, бодӣ ва аккумуляторӣ насб карда шудаанд.
Рушди сайёҳии экологӣ
Сайёҳии экологӣ (экотуризм) дар Тоҷикистон яке аз навъҳои умедбахши сайёҳӣ ҳисобида мешавад. Дар кишвар имкониятҳои зиёде барои рушди он вуҷуд доранд, аз ҷумла, захираҳои ғании табиӣ, ба монанди мамнуъгоҳҳои «Зоркӯл», «Ромит», «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум» ва Боғи миллии Тоҷикистон.
Дар ин самт метавон чанд мушкили рушди сайёҳии экологиро номбар кард, ки барои ҳалли онҳо ҷалби мададрасонҳо зарур аст. Ин пеш аз ҳама, сохтмони инфрасохтори муосир ва баланд бардоштани рақобатпазирии хизматрасониҳо дар ин самт мебошад.
Дар Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 рушди сайёҳии экологӣ ҳамчун омили тиҷоратӣ намудани табиат ба нафъи ҷомеа ва дарёфти маблағ барои ҳифз ва барқарорсозии сармояи табиӣ баррасӣ мешавад.
Барои ноил гардидан ба рушди воқеии сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон, дар навбати аввал бояд рушди онро дар минтақаҳои табиӣ ва махсус ҳифзшаванда дастгирӣ намуда, рақобатпазирии хизматрасониҳоро таъмин намуд.
Сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон
Сурат: Amir Tour
Барномаи миллии «Кишвари сабз»
Он ба мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим, рушди иқтисоди сабз ва беҳтар намудани ҳолати экологии кишвар равона шудааст. Вазифаҳои асосии барнома аз коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, зиёд намудани майдонҳои сабз, эҷоди минтақаҳои ҳифзшавандаи табиӣ ва беҳтар намудани амнияти экологӣ иборатанд.
Барои пешгирии фарсудашавӣ (эрозия)-и замин ва нигоҳ доштани муҳити тозаи экологӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки оид ба баргардонидани заминҳои фонди ҷангал ба ихтиёри хоҷагии ҷангали давлатӣ ки қаблан ҳамчун чарогоҳ истифода мешуданд, тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.
Дар Барнома ҳамчунин бунёди хатҳои ҳифзи ҷангал ва барқарорсозии онҳо пешбинӣ шудааст, ки натанҳо заминро ҳифз мекунанд, балки ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва гирифтани даромадҳои иловагӣ барои аҳолии маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Ҳифзи пиряхҳо
Тоҷикистон ташаббусҳои худро барои пешгирии обшавии пиряхҳо фаъолона пеш мебарад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, ки ба таҳкими имкониятҳои молиявии «Фонди байналмилалии ҳадафманд барои ҳифзи пиряхҳо» саҳмгузорӣ кунанд.
Ба Тоҷикистон гармхонаҳои “ҳушманд” заруранд, зеро парвариши зироатҳо дар муҳити пӯшида бисёр мушкилоти марбут ба тағйироти иқлимро ҳал мекунад
Сурат: Asia-Plus
Илова бар ин, моҳи ноябри соли 2024 маълум гардид, ки Бонки осиёии рушд (БОР) барномаи минтақавии «Пиряхҳо 0 ба фермаҳо»-ро оғоз намуд, ки барои мубориза бо паёмадҳои харобиовари обшавии босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ равона шудааст.
Дар Барнома ҷалби маблағгузорӣ то 3,5 млрд доллар аз ҳисоби БОР, ҳукуматҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.
Таъмиру навсозии корхонаҳои саноатӣ
Ба сармоягузорӣ барои рушди саноат бо истифода аз ашёи хоми маҳаллии аз лиҳози экологӣ бехатар ва аз нигоҳи иқтисодӣ дастрас зарурат вуҷуд дорад. Ҳамчунин, истифода ва рушди технологияҳои кампартов бояд дастгирӣ карда шаванд.
Тоҷикистон дар мавриди сохтмони корхонаҳои коркарди партов дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент пешниҳодҳои сармоягузорӣ дорад.
Барои амалисозии ин чораҳо дастгирии техникӣ ва молиявӣ аз манбаъҳои беруна, аз ҷумла грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, фондҳои ҷаҳонии иқлимӣ ва дигар шарикони рушд зарур аст.
Больше на Сегодня.Today
Subscribe to get the latest posts sent to your email.