Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст


18:00, 20 декабр

Коршиносони Русия бар ин назаранд, ки Тоҷикистон «аллакай дар пардохти қарзи Чин душворӣ мекашад».

Мутахассисони Агентии қарзиву таҳлилии Русия (АКРА) чунин мешуморанд, ки барои Чин дар Осиёи Марказӣ ду самти муҳим вуҷуд дорад: сохтани долонҳои нақлиётӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд — як роҳ” ва гуногунсозӣ (диверсификатсия)-и роҳҳои дастрасӣ ба манбаъҳои табиӣ.

Дар таҳқиқоти АКРА таҳти унвони “Миёни Шарқу Ғарб” гуфта мешавад, ки Чин барои расидан ба ин ҳадафҳо маблағгузории хориҷиро пешниҳод мекунад, ки маъмулан нисбат ба қарзҳои бозорӣ арзонтар аст.

“Бонки содироту воридот (Экспортно-импортый банк)-и Чин ба Тоҷикистон 18 қарз пешниҳод кардааст, ки фоизи онҳо аз 2 то 2,5%, муҳлати имтиёзнок 5, 7 ё 9 сол ва муҳлати умумии қарз 25 солро ташкил медиҳад”, – зикр мекунанд муаллифони гузориш бо такя ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон.

Онҳо таъкид месозанд, ки ташаббуси “Як камарбанд — як роҳ” ба тавсеаи роҳҳои тиҷорати хориҷии Чин ва васлшавии бештари он ба бозори Ғарб равона шудааст.

«Тавсеаи роҳҳои заминӣ тавассути Осиёи Марказӣ — долони анъанавии нақлиётӣ миёни Шарқу Ғарб — яке аз самтҳои калидии татбиқи ин ташаббус мебошад. То имрӯз нуқтаҳои гумрукӣ дар марзи Чин бо Қазоқистон васеъ карда шуда, дар Қирғизистону Тоҷикистон роҳҳо бунёд мегарданд», — мегӯянд коршиносон.

10:00 11 декабр

Ба ақидаи онҳо, иқтисоди дар ҳоли рушди Чин ба захираҳое, ки кишварҳои минтақа доранд, аз ҷумла нафту газ, маъданҳо, уран, мис, тилло ва дигар канданиҳо, ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, бо коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисоди Чин ва афзоиши хавфҳои дохилӣ, талабот ба ин захираҳо дар давраи миёнамуддат метавонад устувории худро аз даст диҳад.

Тибқи арзёбии муаллифони таҳқиқот, вобастагии молиявии кишварҳои минтақа аз Чин дар ҳоли афзоиш буда, агар он барои Қазоқистону Ӯзбекистон ҳанӯз чандон зиёд нест, аммо Тоҷикистон аллакай дар пардохти қарзҳои худ ба Чин душворӣ мекашад. 

“Дар соли 2019 Тоҷикистон барои пардохти як қисми қарзи давлатӣ ҳуқуқи истифодаи ду кони тиллоро ба як ширкати Чин супурд”, – хотиррасон мешавад дар гузориш.

Коршиносони АКРА зикр мекунанд, ки сатҳи робитаҳои Чин бо кишварҳои минтақа низ дар ҳоли афзоиш аст.

Робитаҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин

Манбаъ: АКРА


Онҳо таъкид мекунанд, ки дар доираи ҳамоишҳои мунтазами ҳамкории “Чин – Осиёи Марказӣ”, ки аз соли 2013 баргузор мешаванд, кишварҳоро мансабдорон ва намояндагони тиҷорат маррифӣ мекарданд.

09:00 1 ноябр

“Аммо соли 2023 форум барои аввалин бор дар сатҳи роҳбарони давлатҳо баргузор шуд. Дар ҳамоиши аввалин дар шаҳри Сиан, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба кишварҳои минтақа кумак барои таъмини амнияти дохилӣ ва мудофиаи миллӣ пешниҳод кард”, – гуфта мешавад дар таҳқиқот.

Дар он таъкид мешавад, ки минтақа ҳарчи бештар ба савдои байнулмилалӣ ҷалб шуда, талабот аз хориҷа барои захираҳои минтақа (газу нафт, уран, тилло ва фулузот (металлҳо)-и нодир) меафзояд.

“Баҳри густариши ҳамкорӣ бо Чин ва пешбурд тариқи занҷираи арзиши иловашуда, ба кишварҳои минтақа таъсиси корхонаҳо бо Чин барои истеҳсоли маҳсулоти бештар дорои арзиши иловашудаи баланд, инчунин дастрасӣ ёфтан ба технологияҳо ва баргузории корҳои муштараки илмӣ мантиқан дуруст мебуд”, – хулоса мекунанд коршиносони АКРА.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.





Source link


Больше на Сегодня.Today

Subscribe to get the latest posts sent to your email.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Больше на Сегодня.Today

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше