Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
12:00, имрӯз
Онҳо барои дастур додан ба гумонбарони асосии ҳамла айбдор мешаванд.
Додситонии Истанбул барои панҷ шаҳрванди хориҷӣ, ки тибқи иттилои тафтишот, бо гумонбарони аслии ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав дар тамос буданд, аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб кардааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории расмии “Анадолу”.
Ин хабаргузорӣ аз онҳо Ҳофизҷон Усмонов, Мутеулло Асоев, Раҳмонулло Солиҳов, Муҳаммадраҳим Файзов ва Ҳамза Муҳаммад ном бурдааст. Ин расона шаҳрвандии гумонбаронро ошкор накардааст, вале расонаҳои дигар Муҳаммадраҳим Файзовро зодаи Тоҷикистон навиштанд.
Ба гуфтаи тафтишот, онҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳамалаи бевоситаи “Крокус” гумонбаранд, алоқа доштанд ва ба навиштаи РБК, яке аз боздоштшудаҳо ба ивази 800 ҳазор рубл (беш аз 7 ҳазор доллар) бомбгузорӣ дар маркази тиҷоратии “Вегас”, ки дар як бино бо “Крокус Сити Ҳолл” ҷойгир аст, пешниҳод кардааст.
Ҳофизҷон Усмонов, Мутеулло Асоев, Раҳмонулло Солиҳов ду рӯз баъд аз ҳодисаи “Крокус” -24 марти соли 2024 ҳангоми кӯшиши рафтан бо автобус ба Эрон ва Муҳаммадраҳим Файзов рӯзи 28 марти соли гузашта боздошт шуданд.
Мақомот гуфтаанд, онҳо талош доштанд, аз Туркия ба Эрон ва бархе сипас ба Афғонистон бираванд.
«Крокус Сити Ҳолл» баъди ҳамлаи террористӣ
Акс аз сомонаи grodno24.com.
Гуфта мешавад, ки Муҳаммадраҳим Файзов, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ӯ рӯзи 5 январи соли 2024 бо ҳамсараш ва Саидкарами Раҷабализода, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус” ба Туркия ворид шудааст.
Моҳи марти соли 2024 нашрияи туркии “Ҳуррият” навишта буд, ки Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин чанд ҳафта дар Истанбул буда, рӯзи 2-юми март ба Маскав рафтаанд. Фаридуни Шамсиддин дар бозпурсӣ гуфтааст, барои санадҳояш бояд аз Маскав берун мешуд ва аз ин рӯ ба Истанбул рафту баргашт.
Дар айбнома зикр шудааст, ки Муҳаммадраҳим Файзов ва Ҳофизҷон Усмонов муддате бо Фаридун Шамсиддин дар манзиле дар ноҳияҳои Авҷилор ва Эсенюрти Истанбул иқомат кардаанд.
Радиои Озодӣ навиштааст, ки Муҳаммадраҳим Файзов бародари Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус” дар Маскав аст.
“Ӯ 29-сола аст. Баъд аз ду ҳафтаи ҳамла ба “Крокус” дар Туркия боздошт шудааст,” – гуфтааст манбаъи ин расона.
“Анадолу” санҷиши паёмҳои Мутеъулло Асоевро овардааст, ки ӯ бо гумонбарони асосии теракт муколама дошт:
– Салом, барои Шумо як кор ҳаст.
– Салом, ин чӣ “миссия” аст?
– Шумо дар маркази савдои “Вегас” бомба мегузоред. Ҳамаи лавозимоти заруриро мо таъмин мекунем. Музд – 800 ҳазор рубл.
– Пас аз анҷоми миссия чӣ мешавад?
– 100 ҳазор пешакӣ, 700 ҳазор баъд аз анҷом.
– Не, метарсам, ки маро дастгир мекунанд ва мекушанд.
– Не, одамони мо шуморо баъд аз насби бомба мегиранд ва то сарҳади Беларус мерасонанд. Дар он ҷо мо ба шумо шахсияти нав, манзил ва инчунин нақшаи амал медиҳем.
Додситонии Истанбул барои ин панҷ нафар мутобиқи моддаи «узвият дар ташкилоти террористии мусаллаҳ» аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб кардааст.
Бояд гуфт, ки моҳи июни соли 2024 расонаҳои туркӣ навишта буданд, ки намояндагони “Вилояти Хуросон” қасди анҷоми як ҳамлаи дуввуми террористиро дар яке аз марокизи тиҷоратӣ дар Русия доштанд, вале хадамоти ҷосусии Туркия дар ин бора ҳамкорони руси худро огоҳ карданд.
Ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав рӯзи 22 март тақрибан соати 20:00 рух дод. Ҳамлагарон ба сӯйи ғайринизомиён дар бино оташ кушода, толори мусиқиро оташ заданд ва фирор карданд. Бар асари ин ҳамла беш аз 140 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ин ҳамла яке аз бузургтарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Русия аст, ки масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ” – Вилояти Хуросон ба ӯҳда гирифт.
Чаҳор шаҳрванди Точикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридун Шамсидин ҳамчун гумонбари бевоситаи ҳамла ва чанд нафари дигар ҳамчун шарик ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Чанд маротиба муҳлати ҳабси онҳо дароз карда шуд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
Больше на Сегодня.Today
Subscribe to get the latest posts sent to your email.