Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод

Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории арӯсу домод


14:00, имрӯз

Тӯй аз беҳтарин ва муҳимтарин рӯйдод дар ҳаёти ҳар як нафар аст. Аз ин лиҳоз, навхонадорон кӯшиш мекунанд ин рӯз мондагор бошад. Барои ҷовидон намудани лаҳзаҳои тӯй, аксбардорӣ беҳтарин васила аст.

Бо назардошти ин, “Азия‑Плюс” номгӯйи якчанд макони зебо ва таърихиро дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ҷамъоварӣ кард.

Кохи Наврӯз

“Кохи Наврӯз” ба макони аксгирии навхонадорон дар шаҳри  Душанбе табдил ёфтааст. Бо омезиши санъати зебои кандакорӣ, ороишоти миллӣ ва табиати дилфиреб ба ҷуфтҳои ошиқ имконияти фароғат ва аксгириро фароҳам овардааст.

Қасри Наврӯз

Акс аз Азиз Табаров


Майдони “Истиқлол”

Майдони Истиқлол яке аз иншооти муҳташам ва зебои Душанбе аст, ки навхонадорон метавонанд дар ин макон аксҳои хотирмон аз ҷашнӣ бигиранд.

Ҳамчунин дар атрофи манора ҳафт фаввораи ранга низ ҳаст, ки барои акси арӯсиро гирифтан мувоффиқ мебошад.

Боғи ботаникӣ

Дар Боғи Ирам ё ботаникӣ ҳам арӯсу домод метавонанд беҳтарин аксҳоро дар пасманзари табиат бигиранд. Боғи мазкур бо гулу дарахтони ҳамешасабз оро ёфтааст, ки ба он зебогии хос медиҳад.

Боғи Ирам

Акс аз Нозим Қаландаров


Боғи “Куруши Кабир”

Боғи Куруши Кабир яке аз макони дӯстоштаи сокинон мебошад, ки бо чароғҳои рангоранг ва гулчанбарҳо оро дода шудааст. Ҳар як ҷуфти ошиқ дар ин боғ акси арӯсии худро мегиранд ва маросими тӯяшонро хотирмон мегардонанд. Аксҳо дар ин макон зебо, табиӣ ва дилписанд хоҳад шуд.

Майдони Дӯстӣ

Дар майдони Дӯстӣ, ки дар маркази Душанбе воқеъ аст, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст. Ба ғайр аз муҷассама, боғи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мавҷуд аст. Ин макон низ барои гирифтани акси арӯсиатон мувоффиқ мебошад.

Майдони Дустӣ

Акс аз SpaseWedding

1/3

Майдони Дустӣ


Диёри Душанбе

Дар майдони назди маркази савдои маҷмааи “Диёри Душанбе”, ки бо фаввораҳои нури динамикӣ обшор шудааст, шиори “Ман Душанберо дӯст медорам” мавҷуд аст, ки баландии он 2 метр ва дарозиаш 16 метр мебошад.

Инҷоро ҳам баъзе навхонадорон барои акс гирифтан интихоб мекунанд.

Маҷмааи Диёри Душанбе

Акс аз SpaseWedding

1/2


Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба маконест, ки сокинони пойтахт метавонанд шоҳиди тулуъ ва ғуруби офтоб шаванд ва дар манзараҳои табиӣ ва нодир аксҳои хотирмон бигиранд. Дар ин боғ зинапояҳо, суффачаҳо, сабзазорҳо, буттаҳои ороишӣ, силсилаи ҳавзҳо, дарахтони зиёд, ки ба ҷангал шабеҳ аст, мавҷуд мебошад.

Боғи ба номи Садриддин Айнӣ

Боғи ба номи Садриддин Айнӣ яке аз машҳуртарин боғҳои пойтахт мебошад, ки дар ин макон дар намоҳои гуногун акс гирифтан мумкин аст. Дар ҳудуди боғ фаввораҳои гуногун, суҳбаткадаҳо бо нақшу нигори миллӣ, дарахтони ороишӣ ва дар баҳору тобистон гулҳои рангоранг мавҷуданд, ки ҳар як арӯсу домод метавонанд дар ин макон аксҳои зебо ва хотирмон гиранд.

Боғи Ирам

Акс аз @fazliddin_salimov_photograpy

1/2


Қалъаи Ҳисор

Қалъаи Ҳисор макони таърихӣ мебошад ва дар 30-километрии Душанбе ҷойгир аст. Сокинони шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он дар рӯзи арӯсиашон ҳатман барои аксгирӣ ин маконро интихоб мекунанд. Дар ин макон арӯсу домод имкон пайдо мекунанд бо либоси миллӣ дар макони таърихӣ аксҳои зебо ва хотирмон гиранд.

Қалъаи Ҳисор

Акс аз @fazliddin_salimov_photograpy

1/4


Сиёма

Барои расидан ба дарёи Сиёма, ки аз минтақаи Варзоб мегузарад аз пойтахт, 30-40 дақиқа вақт лозим меояд.

Тарафи чапи ин мавзеъ ба чангали сабз монанд аст, тарафи  рост нисбатан хушктар аст. Дар ин ҳудуд дарё мегузарад ва аз ин сабаб, ин макон нисбатан салқинтар аст.

Ин макони зебо барои аксгирӣ мувоффиқ аст ва ошиқону навхонадорон метавонанд ин маконро барои акси арӯсӣ гирифтан интихоб кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.





Source link


Больше на Сегодня.Today

Subscribe to get the latest posts sent to your email.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Больше на Сегодня.Today

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше