Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад

Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад


15:43, имрӯз

Ба ВКД низ пешниҳод шуд, ки вазъи хидматрасониҳои алоқаи мобилиро назорат кунанд.

Рӯзи 26 ноябр дар Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрии намояндагони операторҳои алоқаи мобилӣ, КВД “Шаҳри ҳушманд” ва Вазорати корҳои дохилӣ бо сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур баргузор шуд.

Тавре ки дар сомонаи расмии Хадамоти алоқа хабар дода мешавад, зимни вохӯрӣ омодагиҳои ширкатҳои мобилӣ ба зимистон, вазъи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ва афзоиши муроҷиату шикоятҳои муштариёни алоқаи мобилӣ бо наздик шудани фасли сармо ва масоили дигари марбут ба соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, сардори Хадамоти алоқа бо ишора афзоиши муроҷиатҳои сокинон аз паст будани сифати алоқа дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва натиҷаҳои мониторингҳои сифати алоқа дар минтақаҳо, таъмин нашудани сифати қонеъкунандаи алоқа ва таъхиру фориғболии ширкатҳои мобилӣ дар мавридҳои зиёд шадидан изҳори нигаронӣ намуд.

“Ҳарчанд давоми чанд соли ахир, ислоҳот ва модернизатсияи соҳаи алоқа ба суръат идома ёфт, аммо боз ҳам ширкатҳо муваффақ нашуданд, ки пӯшиши радиоии сифати алоқаро ба таври бояду шояд таъмин созанд”, – гуфт ӯ.

Зикр шуд, ки ҳатто санҷишҳои сифати алоқа аз тарафи Хадамот дар Душанбе нишон дод, ки сифати алоқа дар бисёре аз маҳалҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.

“Ин ҳолат моро маҷбур месозад, дар баробари афзоиши таҷдиду навсозии истгоҳҳои базавии алоқа, назоратро аз фаъолияти операторони алоқаи мобилӣ зиёд карда, барои бемасъулиятӣ мувофиқи қонунгузорӣ бидуни истисно аз ҷаримабандӣ то кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва бозхонди иҷозатномаи фаъолият чораандеширо бештар намоем”- таъкид дошт Бег Сабур.

11:45 22 ноябр

Ҳамчунин аз намояндаи ВКД даъват шуд, ки дар мувофиқа бо вазири корҳои дохилӣ, ҷиҳати назорат аз вазъи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, махсусан фаъолияти бетаъхири истгоҳҳои базавӣ ва масъулиятпазирии масъулини ширкатҳо дар маҳалҳо, ҳамкориҳоро бо Хадамоти алоқа бештар намоянд.

Ба операторҳои алоқа ҷиддан огоҳӣ дода шуд, ки сарфи назар аз монеаҳои фасли зимистон ва камбуди қувваи барқ, фаъолияти доимии истгоҳҳои базавиро дар маҳалҳо таъмин сохта, корҳои амалиро бо мақсади фарогирии васеи радиоӣ ва баланд бурдани сифати алоқа бетаъхир идома диҳанд.

Дар робита ба ин, дар шаҳр санҷиши сифати хидматрасониҳои алоқа аллакай оғоз шудааст. Яке аз чунин мошинҳо чанде пеш мушида шуда буд.


Қобили зикр аст, ки то 1 октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 4,5 млн нафар корбарони интернет ва қариб 7,2 млн адад муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 5,4 млн нафари онҳо фаъол мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.





Source link


Больше на Сегодня.Today

Subscribe to get the latest posts sent to your email.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Больше на Сегодня.Today

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше