Раиси вилояти Хатлон Давдаталӣ Саид ба корҳои сохтмони Қасри теннис ва майдончаи варзишӣ барои кӯдакон дар шаҳри Бохтар оғоз бахшид.

Раиси шаҳри Бохтар Абдумаҷид Муминзод ба раиси вилоят дар бораи лоиҳа дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев маълумот дод. Ба гуфтаи раиси шаҳр,  мувофиқи лоиҳа, дар ин қаламрав майдончаи варзишӣ барои кӯдакону калонсолон ва Қасри теннис сохта мешавад. Далаталӣ Саид дар навбати худ оид ба ободониу тоза нигоҳ доштани ин қаламрав пас аз анҷоми корҳои сохтмон дастуру супоришҳо дод.

Суратҳо аз Asia-Plus

1/3


Раиси вилоят дар кӯчаи Садриддин Айнӣ майдончаҳои варзиширо барои кӯдакон ба истифода дод, ки аз ҷониби шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Бохтар сохта шудааст.

Ғайр аз ин, шуъбаи Бонки миллӣ дар доираи ин лоиҳа дарҳои даромадгоҳи ду бинои истиқоматиро иваз намуда, ду бинои истиқоматии наздикро таъмир кард.

Суратҳо аз Asia-Plus

1/3


Давлаталӣ Саид дастур дод, ки дар сохтмони майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон аз маводи сохтмони аз лиҳози экологӣ тоза ва хушсифат истифода шавад.

“Ин майдончаҳоро мо барои кӯдакон месозем, аз ин рӯ дар навбати аввал бояд дар бораи солимии онҳо фикр кунем”, – гуфт роҳбари вилоят.

Дар идома ӯ дар маросими ба истифода додани майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Хатлон, ки аз ҷониби ҶДММ “Корхонаи тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар сохта шудааст ҳузур дошт. Раиси вилоят бо сокинони маҳаллӣ суҳбат карда, аз онҳо дархост намуд, ки ба ободонии кӯча ва маҳаллаҳои худ саҳм гузоранд.


“Мо кӯшиш мекунем, ки иншооти заруриро барои шумо муҳайё созем ва аз шумо дархост дорем, ки минбаъд ба тозагӣ ва ободонии қаламравҳои гирду атрофи худ таваҷҷуҳ кунед. Чӣ қадар вақт онҳо барои кӯдакони шумо хидмат хоҳанд кард, ба худи шумо ва чӣ гуна истифода шудани онҳо аз ҷониби сокинони маҳаллӣ вобаста аст”, – зикр кард Давлатлӣ Саид.

Раиси вилоят ва раиси шаҳр инчунин дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдони 70-солагии водии Вахш иштирок карданд.

Суратҳо аз Asia-Plus

1/4


Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Бохтар хабар доданд, дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлолият дар маркази маъмурии вилоят сохтмони 32 майдончаи варзишӣ барои кӯдакон ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 12-тои он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.