“Сиёсатмадор барои худ – на, барои миллат кор мекунад…” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
18:00, 3 декабр
Ӯ чанд рӯз пеш дар Душанбе аз олам даргузашт
Низорамо Зарифова, яке аз ходимони барҷастаи давлатии Тоҷикистон ва солмандтарин сиёсатмадори тоҷик дар 101-солагӣ чашм аз олам баст. Ӯ шоҳиди таъсиси давлати Тоҷикистони шӯравӣ ва барҳам хӯрдани сохти Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва бо шаш роҳбари охирини Тоҷикистон, сар аз Бобоҷон Ғафуров то Эмомалӣ Раҳмон, дар мансабҳои баланд фаъолият кард. Мо ба маросими видоъи Низорамо Зарифова рафтем ва ба рӯзгори пуштисаркардаи мавсуф нигоҳе андохтем.
Хайрбод бо Низорамо Зарифова
Ба гуфтаи пайвандон, вазъи сиҳатии Низорамо Зарифова як ҳафтаи ахир бад шуд ва шоми 30-юми ноябр дар хонааш даргузашт. Субҳи 1-уми декабр бо ҳузури мансабдорони баландпоя ва аҳли фарҳанг дар назди хонаи Низорамо Зарифова дар Душанбе маросими хайрбод баргузор шуд.
Маросими хайрободро раиси пешинаи Маҷлиси намояндагон ва раиси кунунии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гардонандагӣ кард.
Дар маросими видоъ мансабдорони баландпоя, аз ҷумла муовини сарвазир Дилрабо Мансурӣ, вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, муовинони шаҳрдори Душанбе ва муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Гуфта шуд, ки он рӯз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ барои фотиҳахонӣ ба хонаи Низорамо Зарифова рафтааст.
Хидмати Низорамо Зарифова на танҳо дар сиёсат, балки дар ҷомеа ва фарҳанги Тоҷикистони шӯравӣ ва истиқлол таъсири амиқ гузошт. Фарҳангиёни тоҷик ҳам гуфтанд, Низорамо Зарифова дар рӯзҳои сахт канори аҳли адаб буд. Дар ин маросим аҳли зиёи кишвар, ба мисли Гулрухсор Сафиева, Абдулҳамид Самад, Сабзаалӣ Шариф ва дигарон ширкат доштанд.
Намози ҷанозаи Низорамо Зарифоваро баъд аз намози пешин дар масҷиди Сари Осиё муфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзода хонд ва ӯро дар канори шавҳараш дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурданд.
Аз ятимӣ то мансабгирии Низорамо Зарифова
Низорамо Зарифова 6-уми ноябри соли 1923 дар деҳаи Пахтакори собиқ вилояти Кӯлоб чашм ба олам кушод. Тақдир аз ҳамон оғоз ӯро бо озмоишҳои сахт рӯ ба рӯ кард. Дар 5-солагӣ падарашро аз даст дод ва бо модар дар хонаи падарандар ба камол расид.
“Ман ба осонӣ 100-сола нашудаам: азоб кашидам, фарсахҳо роҳро пиёда тай кардам, миёни галаи гургон мондам, афтидаму ба пойҳоям хорҳо халиданд ва хестаму онро худам аз пойҳоям кашидам”, – гуфта буд ӯ дар охирин мусоҳибааш бо “Азия-Плюс”.
Модараш Шарифамоҳ бонуи ҳунарманде буд, ки дар тарбияи духтараш нақши муҳим гузошт. Ба гуфтаи худи Низорамо, ӯ дар оилае парвариш ёфт, ки меҳнатдӯстӣ ва матонат аз хусусиятҳои асосии он буд.
Соли 1941, замоне ки ҷанги дуюми ҷаҳон оламро фаро гирифта буд, Низорамо таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб идома дод. Ин солҳо барои ӯ на танҳо таҳсил, балки мактаби зиндагӣ буданд.
“Хотири халқ парешон буду гуруснагӣ ба ҷонҳо таҳдид мекард. Мардону ҷавонон ба ҷабҳа раҳсипор мешуданд ва ҳама кор бар дӯши занон монда буд”, – ёдовар мешуд ӯ.
Пас аз хатми омӯзишгоҳ, ба кори комсомолӣ ҷалб карда шуд. Дар шуъбаи занони Комитети ҳизбии вилояти Кӯлоб кор кард ва истеъдоди роҳбариашро нишон дод.
Низорамо бо шаш роҳбари охири Тоҷикистон кор кард
Низорамо Зарифова зани сиёсатмадоре буд, ки дар низоми сиёсии шӯравӣ ва давраи аввали истиқлолияти Тоҷикистон дар мақомҳои роҳбарикунанда ва аксаран дар канори роҳбарони давлат фаъолият кард.
Ӯ соли 1952 барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии Маскав фиристода шуд. Дар он ҷо академик Бобоҷон Ғафуров шахсан ба таҳсили ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Пас аз бозгашт, бо фармони Ғафуров, ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъйин гардид.
Низорамо Зарифова, замони вакиил буданаш
Акс аз РИА Новости
Аз соли 1966 то 1989 ҷонишини раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 1984 ҳатто вазифаи сардори давлатро иҷро кардааст.
Дар замони истиқлол ҳам Низорамо Зарифова ҳамвора фаъолияти давлатӣ дошт ва аввалин раиси Кумитаи занони Тоҷикистон низ буд.
“Сиёсатмадор нафарест, ки на барои худ, балки барои миллат кор мекунад, аз манфиатҳои шахсияш мегузарад”, – ин буд фалсафаи сиёсии ӯ.
Дар тӯли 60 сол Низорамо Зарифова бо шаш роҳбари охири Тоҷикистон – Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов ва Эмомалӣ Раҳмон кор кард. Дар бораи ҳар яки онҳо хотироти шахсӣ дошт.
Давлати пирии Низорамо Зарифова дар гӯшаи хонааш сипарӣ шуд, вале хонае, ки пур аз меҳмон буд ва ҳамвора мансабдорони баландпояи кишвар ба дидораш мерафтанд. Ӯ бо ҳама душвориҳо қоматаш рост нигоҳ дошт ва то охир ба халқу ватанаш хидмат кард.
Больше на Сегодня.Today
Subscribe to get the latest posts sent to your email.