Хонандагони гиромӣ!

Соли сипаригардида пур аз ҳаводис буд, ки Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” талош кард муҳимтарини онҳоро пӯшиш диҳад ва барои хонандагони худ хабару гузоришҳо ва дар умум, муҳтавои саривақтӣ, санҷидашуда ва беғараз пешниҳод кунад.

Дар соли 2024 гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” бомаром рушд кард ва дар ин самт, саҳми шумо – хонандагони мо беандоза аст, зеро моро ҳамроҳӣ кардед.

Ташаккур, ки дар соли 2024 бо мо будед, муҳтавои офаридаи моро хондед, тамошо ва гӯш кардеду ба дигарон фиристодед ва шарҳ гузоштед.

Дар соли 2025 ҳам мо рисолати касбӣ – инъикоси саривақтӣ ва беғаразонаи ҳаводиси муҳими дохил ва хориҷи кишварро идома хоҳем дод.

Гурӯҳи расонаҳои “Asia-Plus” ҳамаи шуморо бо фарорасии соли нав табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, муваффақиятҳои беназир ва бурдборӣ таманно дорад!

Ҳамчунин, дар соли нав ба шумо хабари хуш таманно мекунем!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.