Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025


ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 15 ЯНВАР

Имрӯз, 15-уми январ Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон бори нахуст бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду кишвар, баргузории ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар доираи ин сафар як ҳайати баландпоя иборат аз соҳибкорону тоҷирони эронӣ, инчунин табибон низ ба Душанбе меоянд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаи ҳамкориро баррасӣ мекунанд.

Ҷузъиёти бештари сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистонро дар матлаби зерин мутолиа кунед.

Соли 1941 – Нерӯгоҳи барқӣ-обии “Хоруғ” мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2001 – Дар пойгоҳи собиқ намоишгоҳи “Дастовардҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон”  Маркази байналмилалии намоишгоҳи фарҳангӣ-тиҷории “Душанбе” таъсис дода шуд.

Соли 2001 – Дар бораи кӯчонидани ихтиёрии оилаҳо аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиён ва Бешкенти вилояти Хатлон қарор қабул гардид.

Соли 2002 – Сафорати Ҷопон дар Душанбе кушода шуд.

Соли 2011 – Дар пойтахт аввалин маротиба амалиёти махсуси “Шиноснома” барои муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, гузаронида шуд.

Соли 2016 – Рустами Эмомалӣ аз  нав ба мӯҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Баъди он то имрӯз ду навбати дигар низ ӯ ба ин вазифа таъин гардид. Аз ҷумла, навбати охир 14-уми декабри соли 2024 ӯ боз раиси Федератсияи футбол интихоб шуд.

Соли 2018 – Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд шуд.

Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мораторияи дусолаи санҷишҳои ҳама гуна субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолотро қонунӣ гардонид.

Соли 2020 – Ҳукумати Эрон барои анҷоми нақби “Истиқлол”, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, 5,5 миллион доллар кумаки бебозгашт ҷудо кард.

Соли 2021 – Ҳаким Фузайлов, ки мураббии «Истиқлол» буд ва чанд сол тими миллии Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард, сармураббии бошгоҳи «Динамо»-и Самарқанд таъин шуд.

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Азиз Афзалзода, шоир ва нависандаи тоҷик.

Соли 1947 – Зодрӯзи Анварбеки Абӯнаср, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Соли 1950 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Умаров, шарқшинос, тарҷумон, омӯзгор, пажӯҳишгар ва тарҷумони Қуръон (аз арабӣ ба тоҷикӣ).

Муҳаммадҷон Умаров


Муҳаммадҷон Умаров 3 хизмати бузурге барои Тоҷикистон анҷом додааст. Ӯ нахустин тарҷумаи мустақими китоби барои мусалмонон муқаддаси “Қуръон”-ро аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Инчунин ӯ мутарҷими “Саҳеҳи Бухорӣ” ва таҳиягари “Таърихи Табарӣ” дар 8 ҷилд аст.

Ӯ корманди собиқадори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст. Вай субҳи 30-юми июни соли 2015 бар асари бемории гурда дар 65-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Соли 1962 – Мавлуди Нусратулло Давлатзода, Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон. Ӯ аз соли 2009 раиси ин кумита мебошад.

Соли 1965 – Зодрӯзи Аброр Зоҳир, нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагон ва ҳамзамон синамогарони Тоҷикистон.

Аброр Зоҳир солҳои 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, 2004-2005 директори киностудияи “Тоҷикфилм”, 2007-2011 директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Лоҳутӣ ва аз соли 2012 директори Муассисаи давлатии “Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ”-и шаҳри Душанбе буд. Ӯ 23 ноябри соли 2015 дар 50-солагӣ аз олам чашм баст.


Аброр Зоҳир яке аз адибони пурмаҳсулест, ки баъди истиқлолияти Тоҷикистон ба майдони адабиёт ворид гардид. Ӯ нависандаи тасвирнигор аст. Ҳамчунин дар таҷассуми симоҳои таърихӣ низ муваффақ гардидааст.

Қиссаҳои “Дуроҳа”, “Моҷарои қабр”, романҳои “Шикасти зулмот”, “Рақс дар сояи девори оҳанин” аз ҷумлаи таълифоти ӯянд.

Соли 2013 – Рауф Баротов, геолог ва маъданшиноси маъруфи тоҷик дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1943 дар ҳамин рӯз сохтмони бинои Пентагон ба итмом расид. Пентагон номи бинои Вазорати мудофиаи ИМА аст, ки шакли панҷкунҷаи муназзам дошта, дар Иёлати Вирҷиния, наздикии Вашингтон ҷойгир аст. Ин бино ҳамчун бузургтарин бинои маъмурӣ дар ҷаҳон ва яке аз ҳифзшудатарин иншооти ИМА дониста мешавад.

Бинои Пентагон


Пентагон танҳо дар 16 моҳ сохта шуд ва яке аз иншооти инноватсионӣ ва нотакрори замон гардид. Ин сохтмон ба Амрико дар маҷмуъ зиёда аз 83 миллион доллар хароҷот овард ва имрӯз аз он сайёҳони зиёде дидан мекунанд ва шумораашон дар як сол тақрибан 100 000 нафар аст.

Имрӯз рӯзи пайдоиши Википедия – Донишномаи озод таҷлил мегардад. Он 15 январи соли 2001 боз гардид ва асосгузорони он Ҷимми Уэйлс (Jimmy Wales) ва Ларри Сэнгер (Larry Sanger) мебошанд.

Ҳоло Википедия дар зиёда аз 300 забон бахш дорад ва ба манбаи муҳими маълумот дар саросари ҷаҳон табдил ёфтааст.

Бахши тоҷикии Википедия 27 январи соли 2004 фаъол гардид. Ҳоло Википедияи тоҷикӣ дорои зиёда аз 114 000 мақола аст.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 15 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона аз -1+4º то 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 28-33º то 35-40º сард, рӯзона 14-19º сард.           

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10-12º сард, рӯзона 0-2º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.





Source link


Больше на Сегодня.Today

Subscribe to get the latest posts sent to your email.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Больше на Сегодня.Today

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше