Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 январи соли 2025
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 ЯНВАР
Соли 1989 – Дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.
Соли 2002 – Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар зидди созмони террористии “Ал-Қоида” ва ҳаракати “Толибон”, ки фаъолияти ҳарду дар Тоҷикистон низ мамнуъ аст, таҳримҳо эълон кард.
Соли 2003 – Рустам Қаландаров, яке аз гумонбарони куштори Сайф Раҳимзод Афардӣ, раиси онвақтаи Кумитаи давлатии телевизион ва радио гунаҳкор дониста шуда, ба қатл маҳкум гардид.
Соли 2015 – Ҷилди сеюми “Энсиклопедияи миллии тоҷик” бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.
Соли 2016 – Зиннатулло Исмоилзода раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон интихоб шуд.
Соли 2020 – Қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба маблағи 10 миллион доллар аз ҳисоби буҷети давлат бахшида шуд.
Соли 2020 – Марҳилаи дуюми фаъолияти истгоҳи тозакунии об ва обтаъминкунии “Хуҷҷора”, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” тааллуқ дорад, ифтитоҳ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1933 – Зодрӯзи Мукаррама Қосимова, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.
Мукаррама Қосимова
Ин донишманди тоҷик, яке аз тарғибгарони омӯзиши алифбои ниёгон буда, солҳо дар ин ришта фаъолият буд. Бо ибтикори ӯ, Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шудааст, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд. Аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба ӯҳда дошт.
Мукаррама Қосимова солҳо узви Комиссияи аттестатсионии назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Вай 2-юми октябри соли 2020 дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1956 – Мавлуди Комила Камолова, нависанда, тарҷумон, доктори фахрии фалсафаи Донишгоҳҳои ҷаҳонии Кембриҷ ва Оксфорд.
Ӯ тарҷумон ва мураттиби “Афсонаҳои халқи тоҷик” буда, ҳамчунин худ як силсила ҳикояҳо барои кӯдакон эҷод кардааст.
Вай дар соҳаи тарҷума саҳми назаррас дорад ва як зумра асарҳои маъруфи гуногунжанрро аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст, ки дар хориҷ аз кишвар низ ба нашр расидаанд. “Ишқ ва шамшер”, “Куруши Кабир”, “Нишони зиндагӣ”, “Барфи охирин”, “Кимиёкаҳ” зумраи тарҷумаҳои ӯ ба забони русианд.
Соли 1991 – Зодрӯзи Нуриддин Давронов, футболбози тоҷик, ҳимоятгари мутнахаби миллии Тоҷикистон.
Соли 1958 – Аббос Алиев, аввалин вазири маорифи Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт.
Ӯ солҳо дар институти ховаршиносии Маскав ва Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ низ фаъолият бурдааст.
Ба навиштаи Муҳаммадҷон Шакурӣ, ӯ яке аз муборизони зидди пантуркизм буд. Алиев дар даврони вазири маориф буданаш дар ҳама соҳаҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон саҳм гузошта, барои таъсиси якумин маҷаллаи Тоҷикистон – “Дониш ва омӯзгор” ва “Бедории тоҷик” бисёр талош кардааст.
Вай дар маъракаи маҳви бесаводӣ фаъолона ширкат доштааст. Аббос Алиев нахустин профессори тоҷик аст. Ӯ дертар соли 1935 бадарға шуд, ки ба навиштаи худаш дар як мактубе сабабаш “фошу танқиди камбудҳои китоби Файзулло Хоҷаев” будааст. Соли 1948 баъди озодӣ аз бадарға Тоҷикистонро тарк намуда, то лаҳзаи маргаш дар Қазоқистон зист ва ҳамон ҷо вафот кард.
Соли 1978 – Тоҳир Тоҷибоев, ҳунарпешаи театру синамо ва коргардони шӯравии тоҷик дар 68-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 2009 – Баҳром Маннонов, журналисти собиқадори “Азия-Плюс” дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
16-уми январ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии “Битлз” таҷлил мегардад. Ин сана бо рӯзи ифтитоҳи клуби “The Cavern” дар Ливерпул дар соли 1957 мувофиқ меояд, ки дар он Ҷон Леннон, Пол Маккартни ва Ҷорҷ Харрисон аввалин бор баромад карда буданд.
Соли 1963 дар ин рӯз Никита Хрушёв эълон кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дорои бомбаи ҳидрогенӣ шудааст. Ин силоҳ дар давраи таниши сиёсӣ байни СССР в ИМА озмуда шуд.
Ҳамасола, 16-уми январ дар ИМ/А ҳамчун Рӯзи озодии дин таҷлил мешавад. Дар ин рӯз раисҷумҳури ин кишвар аз тамоми амрикоиҳо даъват мекунад, ки таърихи кишвари худ ва душвориҳои мубориза барои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва озодиҳои мазҳабиро ба ёд оранд. Ин санаро бо баргузор кардани чорабиниҳо дар оила, мактабҳо, донишгоҳ ва муассисаҳои дигар ҷашн мегиранд.
Дар ин рӯзи соли 1786 Ассамблеяи Генералии Вирҷиния Оинномаи озодии динии Вирҷинияро қабул кард.
Томас Ҷефферсон асоси ин санади қонунгузориро таҳия намуда буд. Ин қонун ба андозбандии рӯҳониёни маҳаллӣ аз шаҳрвандон хотима дод ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандии одамонро барои изҳори эътиқоди динии худ бидуни тарс аз табъиз фароҳам овард. Ин қонун ба ворид кардани тағйирот ба сарқонуни ИМА, ки озодии дин кафолат дода шуд, таъсир расонид.
Имрӯз Рӯзи байнулмилалии ғизоҳои тунд дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона -2+3º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 33-38º сард, рӯзона 26-31º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона -1+1º.
Больше на Сегодня.Today
Subscribe to get the latest posts sent to your email.