Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2025

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2025


ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 5 ЯНВАР

Соли 1991 – Дар Тоҷикистон ҳафтаномаи мустақили русизабони “Курер Таджикистана” таъсис ёфт.

Соли 2010 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба муомилот баровардани саҳмияҳои НБО “Роғун” ба мардум муроҷиат кард.

Соли 2012 – Аввалин шумораи нашрияи “Тоҷикони Русия” (“Таджики России”) ба нашр расид.

“Тоҷикони Россия” як ҳафтаномаи сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки аз моҳи марти соли 2002 дар Русия нашр мешуд. Ин нашрия асосан ба ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Русия, фаъолияти ҷамъиятҳои миллии тоҷикон, вазъи иқомати муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон бахшида шудааст. 

Ҳоло дар бораи фаъолияти кунунии нашрия маълумоти дақиқ мавҷуд нест, аз ҷумла маълум нест, ки он то ҳол нашр мешавда ё не.

Соли 2016 – Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсар ва чанде аз фарзандону хешони наздикаш Ҳаҷҷи умра кард.

Соли 2019 – Муаттара Ҷӯраева, ровии маъруфи телевизиони Тоҷикистон дар гузашта, пас аз тақрибан чор соли ҳабс ба озодӣ баромад.

Муаттара Ҷураева


Ӯ соли 2015 бо иттиҳоми қаллобӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯро дар тасарруфи маблағҳои шаҳрвандон ба маблағи тақрибан 300 ҳазор доллар муттаҳам карданд. 

Соли 2020 – Дар шаҳри Теҳрон Сарвар Бахтӣ, яке аз дипломатҳои тоҷик ба ҳайи директори Институти фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ба фаъолият оғоз кард. Ӯ масъули пешбурди барномаҳо ва ташаббусҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои узви созмон гардид.

Таъин шудани Сарвар Бахтӣ ба ин мақом нишондиҳандаи эътимоди кишварҳои узв ба Тоҷикистон ва саҳми он дар рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ арзёбӣ шуд.

Соли 2022 – Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон талаб кард, ки фаъолияти молиявии ҳукумати пойтахтро барои соли 2021 санҷанд. Ӯ солҳои баъдӣ низ чунин талабе аз Оҷонсии зиддифасод карда буд, вале натиҷаи ин санҷишҳо то ба ҳол расонаӣ нашудааст.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1929 – Мавлуди Ғаффор Мирзо, Шоири халқии Тоҷикистон.

Ғаффор Мирзо зодаи ноҳияи Ховалинг ва хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон аст. Ӯ солҳои тӯлонӣ котиби масъули Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизони сулҳ будааст. Ғаффор Мирзо муаллифи як қатор асарҳои марғуби кӯдакона аст, ки “Достак”, “Санговдавак”, “Баррача рӯяд аз замин”, “Чилдухтарон”, “Гунҷишкак”, “Шайтони бекафшу маҳсӣ”, “Кадом ҳунар беҳтар аст?” аз ин қабиланд.


Соли 1930 – Зодрӯзи Асомиддин Насриддинов, адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ;

Соли 1935 – Мавлуди Фурӯғи Фаррухзод, шоири номдори муосири Эрон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дорад.

Фурӯғи Фаррухзод яке аз машҳуртарин шоирони муосири Эрон буд. Ӯ на танҳо бо шеърҳои худ, инчунин бо навовариҳо ва назари озоди худ дар адабиёти форсӣ шӯҳрат дошт.

Ӯ соли 1967 дар 32-солагӣ дар як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт, вале тавонист дар зиндагии кутоҳи худ ба яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири Эрон табдил ёбад. Маъруфтарин маҷмуаҳои шеърии ӯ “Асир”, “Девор”, “Исён” ва “Таваллуди дигар” мебошанд.

Фуруғи Фаррухзод


Соли 1935 – Зодрӯзи Асад Гулзодаи Бухороӣ, рӯзноманигор, шоир ва рушанфикри барҷастаи тоҷик.

Асад Гулзодаи Бухороӣ шоир, забоншинос ва рӯзноманигори тоҷики муқими Бухоро ва яке аз пуштибонҳои забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон буд.

Ӯ 29-уми майи соли 2023 дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт. Асад Гулзодаи Бухороӣ солҳои охир дар Амрико мезист ва машғули кори эҷодӣ ва шеърнависӣ буд.

Соли 1936 – Зодрӯзи Қурбон Алӣ, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;

Соли 1941 – Зодрӯзи Саидмурод Мардонов, ҳунарпешаи театру синамо.

Саидмурод Мардонов зодаи ноҳияи Ҳисор буда, баъди хатми факулати актёрии Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд солҳо дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Пушкин, Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри намунавии миниётураи “Оина” фаъолият кард. Ӯ дар беш аз 100 намоиши театрӣ нақш офаридааст.

Саидмурод Мардонов аз дасти чап


Соли 1947 –  Мавлуди Абдусалом Валиев, таърихнигор, мардумшинос, доктори илмҳои таърих;

Соли 1951 – Мавлуди Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи шинохтаи тоҷик.

Яке аз нависандаҳои забардасти тоҷик дар замони истиқлол ва пеш аз он аст. Ӯ мутаввалиди соли 1951 ва фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1974) мебошад.

Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш «Рӯзи ғалаба» соли 1982 ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сарви Кишмар» (1984) бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Баъдан маҷмӯаи навиштаҳои ӯ «Ишқи актёри пир» (1987), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), романи «Девори Хуросон» (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби «Ардавирофнома ё сояҳои шикаста»-аш (1993) дар интишороти «Балх» (Эрон) чоп шудаанд.

Соли 1989 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Муҳаммадзамони Солеҳ


Ӯ 1 феврали соли 2009 дунёи фониро тарк гуфт.

Соли 1952 – Мавлуди Олимҷон Бобоев, доктори илмҳои иқтисодӣ, номзад ба мақоми президенӣ дар соли 2006 ва 2013 аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ).

Аз лаҳзаи таъсиси ҲИИТ (2006) то соли 2019 раиси он буд. Ду маротиба (2006 ва 2013) аз номи ин ҳизб ба ҳайси номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуд, вале овози камтар гирифт.

Ӯ солҳо ҳамчун ректори чанд доннишгоҳи риштаи иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, ҳамчунин директори Пажуҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 2015-2020 (даъвати V) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии ҲИИТ вакили парлумон буд. Ҳоло аз сиёсат канор рафта, ба корҳои илмӣ машғул аст.

Олимҷон Бобоев


Соли 1954 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Шодӣ, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик;

Яке аз ҳунарпешаҳои шинохта театру кинои тоҷик аст. Аз соли 1984 боз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият дорад. Дар ин муддат ӯ дар ин театр барои ҳаводорони театр беш аз 50 нақш офаридааст. 

Вай дар ҷоди синамо низ яке аз ҳунармандони муваффақ аст. Махсусан, нақшофариаш дар силсилафилми  “Дар орзуи падар” ӯро шинохта ва маҳбуб гардонид. 

Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Овози гирову марғуладори ӯро метавон дар аксари филмҳое, ки ба тоҷикӣ дубляж шудаанд, шинохт.

“Азия-Плюс” соли гузашта ба муносибати 70-солагии Муҳаммадҷон Шодиев як мусоҳибаи ихтисоси анҷом дод, ки метавонед дар ин пайванд хонед.

Муҳаммадҷон Шодиев


Соли 1999 – Абдусалом Раҳимов, ҳунарпеша ва коргардони синамо дар синни 82-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 2013 – Абдувалӣ Давронов, мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик дар синни 55-солагӣ аз олам даргузашт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 ЯНВАРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард, рӯзона  0-5º сард.  

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 1+6º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º сард (дар н. Лахш 9-11º хунук), рӯзона -1+4º (дар н. Лахш 2-4º сард).

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 18-23º то 26-31º сард, рӯзона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 12-14º сард.   

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боришоти сусти барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 0-2º гарм, рӯзона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, боришоти сусти барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.





Source link


Больше на Сегодня.Today

Subscribe to get the latest posts sent to your email.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Больше на Сегодня.Today

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше